Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мебошад. Масъалаи сеюм ин хеликобактер барои пайдоиши гастрити музмин, захми меъдаю рӯдаи 12 ангушта ва саратон мебошад.

Дар таҳлилу баррасии ин масъалаҳо олимону мутахассисони соҳаи гастроэнтерология ба хулосае омадаанд, ки хӯроки мо дар ҳолати риояи меъёрҳо бароямон метавонад дору бошад ва баръакс дар сурати риоя накардани ин меъёрҳо он барои организми мо заҳр шуданаш мумкин аст. Илми гастроэнтерология мегӯяд, академик Ғиёсиддин Мироҷов собит кардааст, ки одами фарбеҳ гирифтори беморист. Каси фарбеҳ фишори хунаш баланд аст, ё ҷигараш равған гирифтааст, ё дар талхадонаш санг дорад ва ё ғадуди зери меъдааш варам мебошад. Сабаби асосии ҳамаи ин нодуруст истеъмол кардани хӯрок мебошад. Ё хӯрокиҳои серғизо мехӯранд ва ё ин ки таомҳое истеъмол мекунанд, ки дар таркибашон ангиштобу чарбҳо зиёд аст.

Вақте ки дар таркиби хӯрок чарб (равғани ҳайвонот) ва ангиштоб зиёд асту сафеда кам, одам фарбеҳ мешавад. Ҷоиз аст, ки ин ҷо гуфтаи асосгузори тибби ҷаҳонӣ Буқротро ёдовар шавем, ки фармудааст: «Ғизои шумо бояд доруи шумо бошад ва доруи шумо ғизои шумо».

Академик Ғиёсиддин Мироҷов дар он конференсия чанд проблемаи муҳимро ба миён гузошт, ки ҳалли онҳо барои саломатии миллати тоҷик аҳамияти калон доранд:

Вақти он расидааст, ки мо бояд фарҳанги тайёр ва истеъмол кардани таомҳои миллии худро дошта бошем, дар он сурат хӯрокиҳои мо бароямон ба дору мубаддал меёбад.

Дар замони Шӯравӣ дар пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо чандин ошхонаҳои парҳезӣ амал мекарданд. Беморони зиёде имконият доштанд, ки дар ин ошхонаҳо хӯрокҳои парҳезии безарарро аз рӯи табъи дили худ истеъмол намоянд ва бо ҳамин васила пеши роҳи хурӯҷи ҳаргуна бемориҳоро гиранд. Хуб мешуд бо ташаббуси ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва дастгирии соҳибкорон ингуна ошхонаҳои парҳезӣ барқарор карда шаванд, — мегӯяд олим.

Дигар масъалаи муҳиме, ки ҳалли он диққати табибон ва умуман ҷамъиятамионро ба худ ҷалб намуд, риоя накардани фарҳанги тайёр кардану истеъмоли хӯрокиҳо дар мактабҳои

пешина
аз 173
навбатӣ