Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Номзадҳои илм Роҳат Одинаев – котиби илмии Институт, Каримҷон Булбулов - мудири шӯъбаи қабулгоҳ, Маҳбуба Искандарова аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ғиёсиддин Мироҷов бо вуҷуди бо корҳои тадқиқотии илмию роҳбарии коллективи Институт банд буданаш, як силсила вазифаҳои ҷамъиятиро бар дӯш дорад. Ӯ муовини сармуҳаррири нашрияи «Центрально-Азиатский журнал», ки дар Қирғизистон чоп мешавад, ҳамчунин ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Проблемы гастроэнтерология», аъзои таҳририяи маҷаллаи «Здравоохранение Таджикистана» ва «Доклады АН РТ» мебошад.

Гузашта аз он академик Ғиёсиддин Мироҷов чандин сол аст, ки муовини раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадии илм аз рӯи ихтисоси «Гастроэнтерология» дар назди Институт ва аъзои Шӯрои диссертатсионӣ бо тахассуси «Касалиҳои дарунӣ» дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад. Вай аз соли 1999 профессори фахрии Институти беҳдошти Академияи илмҳои Федерацияи Россия ва аъзои ифтихории Ассотсиатсияи гастроэнтерологияи Булгория дониста шудааст.

Хизматҳои босамари олими барҷастаи тоҷик академик Ғиёсиддин Мироҷов бо унвони баланди давлатии «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

Хизмати барҷастаи устоду шогирд академикҳо Ҳомид Хусейнович Мансуров ва Ғиёсиддин Қутбиддинович Мироҷов боз дар он аст, ки бо саъю талош ва кӯшишу ғайрати эшон Институти гастроэнтерологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои кӯҳна ва лабораторияҳои тангу торик ба бинои нав кӯчид. Имрӯз Институт ва ҳамаи шӯъбаю лабораторияҳои он бо таҷҳизоти нави замонавии тадқиқотию табобатӣ таъминанд.

Соли 2004 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони қисмати дуюми бино 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Илова бар ин ба Институт ба маблағи 600 ҳазор доллари амрикоӣ гранти оҷонсияи байналмилалии бехатарии ядроӣ дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе як лабораторияи реаксияи ҳалқавии полимерозӣ ба институт ҳадя гардид. Ҳамаи ин имконият фароҳам меовард, ки

пешина
аз 173
навбатӣ