Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҷаласаи бонуфуз Ғиёсиддин Мироҷов доир ба проблемаҳои муҳими соҳаи гастроэнтерология гузориш кард. Дар фарҷоми конгресс мудири кафедра ва директори клиникаи пропедевтикии касалиҳои дарунӣ ва маркази гастроэнтерологӣ ва гепатологияи Академияи тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов, Сарғастроэнтерологи Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, Президенти Ассосиатсияи Гастроэнтерологияи Россия, Академики Академияи илмҳои тиббии Россия В.Т. Ивашкин ба назди намояндагони Тоҷикистон омада, чунин изҳори ақида намуд:

  • Ман дар симои Академик Ҳ. Ҳ. Мансуров ва профессор Ғ. Қ. Мироҷов бо итминони комил метавонам бигӯям, ки илми Гастроэнтерологияи советӣ инкишоф меёбад, пеш меравад ва ояндаи дурахшон дорад...

Соли 1991 Ғиёсиддин Мироҷовро чун мутахассиси сермаҳсули соҳаи Гастроэнтерология ба узвияти вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб карданд. Фаъолияти илмию ҷамъиятии Ғиёсиддин Қутбиддинович серҷабҳа ва доманадор аст. Ҳамин фаъолияти самараноки Ғиёсиддин Мироҷовро ба назар гирифта, ӯро соли 1995 Сардори раёсати илм ва муассисаҳои илмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъин намуданд.

Соли 2000 ӯро ба ҳайси директори Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон таклиф намуда ва соли 2001 котиби шӯъбаи илмҳои биологию тиббӣ ва аъзои Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб карданд.

Коллективе, ки ба он Ғиёсиддин Мироҷов сарварӣ мекунад, ӯро ниҳоят ҳурмату эҳтиром менамоянд. Ҳамин маҳбубияти коллектив нисбат ба роҳбари хеш буд, ки бори аввал соли 2000 ва дафъаи дуюм соли 2006 Мироҷовро бо як овоз директори Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

Баъди зикри кулли унвонҳои мавсуф ба Ғиёсиддин Мироҷов чунин саволҳо пайдо шуданд: - Лаҳзаи ширине, ки ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотиратон зудуда намешавад, ва ҳолате, ки бароитон бисёр гарон буд? Ба саволи аввалам Ғиёсиддин Қутбиддинович чандон фикр накарда посух дод. Лаҳзаи ба дунёи ҳастӣ чашм кушодани фарзанди нахустинам Ситора

пешина
аз 173
навбатӣ