Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

аз рӯи барнома супориш диҳад, ба Ғиёсиддин бурун аз программа масъалаҳои душворро медод, ки ҳал намояд.

Ҳангоми таҳсилашон дар синфи 10 муаллим нотоб шуд. Вай Ғиёсиддин Мироҷровро ба наздаш даъват карда гуфт: - «Ман бо директору мудири илмӣ гуфтугӯ кардам, дар набудани ман синфҳои 9-ум ва 10-ум ба ҷои ман ту дарс медиҳӣ». Ин барои Ғиёсиддини ҷавон ҳам як санҷиши ҷиддӣ ҳам боварии калон буд. Касалии Қурбон Шарифов тӯл кашид ва Ғиёсиддин муддати се моҳ ба синфҳои 9-ум ва 10-ум аз фанҳои физикаю математика дарс дода, хоҳиши устодонашро босифату сари баланд ба ҷо овард. Муаллимаш Қурбон Шарифов ба Ғиёсиддин таъкид мекард: «ту ва Нуриро, ки боз як талабаи аълохон буд, ҳуҷҷатҳоятонро ба факултети математикаи Университети давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москва супорида, дохил шуда мехонед.

Ғиёсиддин ҳам ба ин ақида розӣ буд. Вале аҳди ба модараш додаашро ба ёд оварда, соли 1962 ӯ донишҷӯи Институти давлатии тиббӣ гардид. Дар институт Ғиёсиддин бо дониши доманадораш, бо одобу ахлоқи ҳамидааш бо чеҳраи зебою фаъолияти серҷабҳааш таваҷҷӯҳи устодонро тез ба худ ҷалб намуд.

Дар семинару конференсияҳои илмии донишҷӯён, дар лексияву сӯҳбатҳо ҳамеша фаъолияти босамар нишон медод. Дар курси 5-ум академик Ҳомид Хусенович Мансуров ба онҳо дарс медод.

Рӯзе дар фарҷоми лексия устод Мансуров хост, ки дарсашро бо саволу ҷавоб ҷамъбаст намояд. Ҳамон рӯз Ғиёсиддин аз ҳаррӯза дида фаъолтар буд. Ӯ се-чор маротиба даст боло карда, ба саволҳои устодаш Ҳомид Хусенович ҷавоби муфассал дод. Мансуров ӯро зери чашм гирифт ва баъди анҷоми дарс Ғиёсиддинро ба наздаш даъват кард:

  • Ту мехоҳӣ, ки дар Институти гастроэнтерология ҳамроҳ кор кунем?!

Ғиёсиддин Мироҷов, ки дорои дониш ва фаҳму фаросати расо буд, худ ба худ гуфт:

  • Мансуров чун яке аз олимони барҷаста ҳар касро ба кор даъват намекунад, бояд розӣ шавам... Ғиёсиддин Мироҷовро соли 1966 ба ҳайси лаборант ба Институти ба кор қабул карданд. Баъди хатми донишкада соли 1968 ҳуҷҷатҳояшро ба
пешина
аз 173
навбатӣ