Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
меболид. Ин дам дари хона кушода шуду писарони ӯ Абдуҳалиму Абдуҳаким бо чашмони ашколуд даромада омаданд.
-
Ҳа! Кӣ ранҷонд? – пурсид Абдураҳмон.
-
Ба Хоҷаҷилдиёр ба тӯй рафтем, зада пеш карданд, - гуфт Абдуҳалими 16-сола. – Моро авбошзода безорӣ! гуфтанд.
Аз қаҳру ғазаб лабони Абдураҳмон париданд. Зери лаб ким-чиро гур-гур карду дастонашро совида гуфт:
-
Тушбераро хом шумурданд. Афсонаи «Бузаки чингилапо»-ро медонед. Рафта боми тамоми маҳаллашонро меларзонам, ошакашонро шӯру чашмакошонро кӯр мекунам! Ӯ аз ҷой хест, аммо ба ёд овард, ки худаш танҳост, пас гашт.
-
То акотон омадана сабр мекунем, - гуфт.
Аз байн се рӯз гузашт. Писари калониаш Аброр, ки дар як ҷамъияти ихтиёрии варзишии Душанбе мураббӣ шуда кор мекард, ҳамон бегоҳ омада монд. Падар писарро аз воқеа огоҳ кард. Бародархонди Аброр Қудрат ҳам ба онҳо шарик шуд. Ҳар се ба мотосикли «Урал» нишастанд.
-
Ку, шербачаҳо, биёед маслиҳат кунем, - гуфт Абдураҳмон дар роҳ, - аввал кӣ мезанад!
-
Ман мезанам, дадо, - гуфт Султон. – Номи шумо аллакай баромадагӣ. Ман чунон мезанам, ки лом нагуфта меафтад. Агар аз зарби ман наафтад, ин ҷо Қурбон ҳаст-ку.
Ҳар сеяшон ба парки трактории колхоз ҳозир шуданд. Исо Исроимолов бо Раҳим Кабиров трактори ӯро таъмир мекарданд. Абдураҳмон аҳди писарашро фаромӯш карда, аввал ба Раҳмон дарафтод.
-
Ҳа муттаҳам, писарони ман аз кай боз барои ту авбошзода шудаанд?!
-
Ҳа, паҳлавон, тинҷӣ - мӣ? – ба саволаш бо савол ҷавоб дод Раҳмон.
-
Бачаҳои маро аз тӯи деҳаатон пеш мекунию боз «тинҷӣ» мегӯӣ?!
-
Бовар кунед, ки ман дар ҳамон тӯи шумо мегуфтагӣ набудам, ба деҳаи дигар хонаи як хешамон меҳмонӣ рафта будам, - гуфт Раҳмон.
-
Ту, чӣ, сардори маърака, - ба Асомиддин бо ғазаб рӯ овард ӯ. Писараш Аброр бошад, фавран ба паҳлӯи падар гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё