Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ОШЁНАИ БАХТ
Ман ҳам аз хонандаи мӯҳтарам узр мепурсам, ки дар мақолаам номи шахсонеро, ки сухан дар бораи онҳо меравад, зикр карда наметавонам. Аслан ин масъалаи асосӣ нест. Одамро шарманда кардан кори саҳл аст, аммо соҳиби шарафу номи нек ва иззату ҳурмати мардум шудан заҳмати зиёдеро талаб мекунад.
Чандест дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ доир ба ин масъала баҳсу мунозираҳои доманадоре идома дорад. Оид ба ин мавзӯъ шахсиятҳои касбу корашон мухталиф олимон, шоиру нависандагон, муаллимон, донишҷӯён фикру андешаҳои хешро тавассути матбуот баён мекунанд.
Дуюним сол қабл аз ин муҷаррад будам. Рӯзе бо ҳамсоядухтар шинос шудам. Ҳарду бегоҳирӯзиҳо дар хиёбонҳои зебои шаҳрамон вохӯрда, чи тавре ки мегӯянд, якдигарро санҷидем ва баъд ба хонаи онҳо хостгор фиристодам. Падари духтар хостгорҳои маро дида якбора дар ғазаб шуд:
-Чӣ аслу насаб ва кундаву решаашро надониста духтарамро бароварда дихам? Не, то кӣ чӣ буданашро дониста нагирам, духтарамро намедиҳам, - гуфта кафши хостгорони маро пеш гузошт.
Аз байни ду моҳ гузашт, аз тамоми ёрӯ рафиқони ман пурсидааст, ки ман чӣ гуна одамам, хешу таборам киҳоянд, чӣ касб доранду дар куҷо кор мекунанд, чанд пул маош мегирам, хона дорам ё не ва ғайраву ҳоказо.
Баъд аз «тафтишоти пешакӣ» ровиёни ахбор навид оварданд, ки падари духтар розӣ аст ва хостгорҳои маро пазируфтанист. Ин дафъа хостгорҳо миёнро сахттар баста рафтанд. Рости гап то баргаштанашон дилам такопуку буд.
Онҳо бевақтии шаб баргаштанд. Амакам, ки садри хостгорҳо буд, аз кисааш як рӯйхати дарозеро бароварда ба ман дароз карду гуфт:
-Мана номаи аъмолатро гир!
Гирифта бинам, пушту рӯи коғаз пур рӯйхат аст.
-Ҳамаш чанд пул мешавад, -пурсидам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё