Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

наметавонам, чунки ман панҷтинаи оддияму шумо яксӯмаи бутун. Ғайр аз ин шояд, шумо яксӯмаи нави оҳорӣ бошеду то ҳол ба муомилот набаромадаед. Агар чунин бошед, пас он чиро, ки ман дидаам, шумо ҳоло надидаед.

Аммо нишони ҳардуи мо як хел аст. Ҳамаи қурбу қимат ва ифтихори мо дар ҳамин аст.

Дар байни мо аз ҳама калонтарамон рупияи нимсӯма аст, ки аз вай калонтараш шумо - яксӯмаҳо мебошед!

Алқисса, мо ҳамватанем ва аз ин сабаб бояд наздик шавем...

Ману панҷтина хеле гуфтугӯ кардем. Гарчи вай дар синну сол аз ман калон буд, вале саргузашти худро бо майли том ба ман ҳикоят кард. Саргузашти ғамангез ва дили озурда доштааст. Ӯро бачаҳо дар кӯчаҳо борҳо тангабозӣ карда, задаву куфтанд. Боре бачаҳо хостаанд, ки ӯро дар болои релси трамвай монандӯ бинанд, ки пас аз гузаштани трамвай чӣ гуна мешуда бошад. Қариб будааст, ки маъюбу нодаркор шавад.

  • Акнун ман аз трамвай намефароям, - гуфт панҷтина ва ҳикояи ғамангези худро тамом кард. Аксари одамоне, ки акнун ба дасташон меафтам, манро эҳтиёт мекунанд, зеро агар ман набошам, онҳо ба трамвай савор шуда наметавонанд.

Воқеан, боре...

Панҷтина боз чизе гуфтанӣ буд, ки ногаҳон дасте ба киса даромада, маро кашида берун баровард ва сухани охирини онро нашунида мондам.

  • Хайр, дӯстам, то вохӯрии оянда, - гуфтам ба ӯ, ки дар қаъри киса монда буд...

МАН ҚАДРУ ҚИМАТАМРО МЕДОНАМ

Аз кисаи гарму озодаи куртаи коргар баромада, рост ба ҷое афтидам, ки аз он бӯи хоки тар меомад. Баъдтар маълум шуд, ки он ҷой дӯкони гулфурӯшӣ будааст.

  • Яксӯмаи навакак доштаед, - гуфт зане бо овози маҳини худ ва илова намуд: гражданин, агар шумо гул харидани бошед, ҳасистӣ накунед!

  • Ман ҳасистӣ намекунам, - ҷавоб дод мард, - балки гул интихоб мекунам... Марҳамат карда ба ман ҳа, ана вай зафаргули сурхро диҳеду ин як сӯми шаракқосиро гиред!

пешина
аз 173
навбатӣ