Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Давоми зиндагӣ аз одамон ҳарфҳои бешумор мешунавӣ. Миёни ин лофзаниҳо ҳарфҳои аҷоиб бисёранд. Масалан ҷуллое, ки аз даҳони касе шунидам.
- Зинда бод дурӯғизм!
- Зинда бод сафсатизм!
- Зинда бод ваъдахилофизм!
- Зинда бод дуздизм!
- Зинда бод хӯрдагурехтанизм!
- Зинда бод таёрахӯризм!
- Зинда бод сухани амали нопокизм!
- Зинда бод ваъдахилофизм!
- Зинда бод ғамизм!
- Зинда бод озордизм!
Ғайраву ғайраҳо.
Ман мефаҳмам, аммо фикрамро ифода карда наметавонам.
Шунидам, дидам, даркам кардам, вале ба гуфтан ҷуръат надорам.
Илҳом надорӣ беҳуда дум машкан.
Ту маслиҳатам медиҳӣ, ки тоқат кунам.
Ту мехоҳӣ, ки бо ин қашокӣ, нодории ба сарам омада тоқат кунам. То кай тоқат кунам?
Дӯстам оё панду насиҳати ту дуруст аст?
Эй дӯст аз лофшунавӣ монда шудаам. Тоқати шунидани афсона надорам. Ба ман афсона не гапи наве бигӯед.
Одаме, ки дигаронро ганда мекунад, мазлум мешавад, ки худ гандатар аст.
Инсоне танҳо паҳлӯҳои бадии инсонро мебинад аз ӯ бадтар нест.
Инсони ба коре машғул он қадар намешавад, ки бекор азоб мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё