Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Барои омӯхтан вақт камӣ мекунад.


Ҳамаш баҳона аст.


Барои инсон аз ҳама муҳим саломатист. Оне хӯрок мехӯрад, нафаси солим мекашад бардам аст.


Ин қадар ҳақиқатро маҷӯ. Ту худ ҳақиқат ҳастӣ.


Зоҳир бо ботин ҳамбахс шуданд. Зоҳир аз гиребони ботин дошта бо овози дагал гуфт:
— Кай бо одоби намунавии худ маро роҳбарӣ мекунӣ?
Ботин хомӯш буд ва чизе намегуфт.


Эй инсон қонуни осмониро вайрон макун. Бояд ту ба ин қонун тоқат бикунӣ. Муносибати хоксорона намо. На ба ҳама меҳрубон бош, онеро ҳурмат намо, ки ба қадрат мерасад.


Зан мардро ба чашм мебинад ва бо қалб дӯст медорад.


Занҳо бештар бо қалб не, бо эҳсоси додаи мардон мешаванд.


Одамон гуногун мешаванд. Масалан одамоне ҳастанд, ки нармдил ва меҳрубонанд ва дили дардманд доранд. Нармдилиро ба касе раво бубинед, ки ба он сазовор бошанд.


Барои одамон аз ҳама муҳим чӣ муҳим аст?
— Пур кардани меъда муҳим аст ё кашидани нафас?
— Албатта нафас муҳим аст. Инсон бе ғизо чанд рӯзе тоб оварда метавонад, аммо бе ҳаво дақиқае чанд. Бе нафас ҷон ба Ҷаббор месупоранд.


Ҳарчанде одамонро меомӯзам, ҳамон қадар ба хулоса меоям, ки инсон миллионҳо маротиба мехоҳад сарватманд гардад. Ба сӯи дониш аз 1000 нафаре дили нохоҳам майл мекунад.


Ҳаёт сохтан баҳс аст.

пешина
аз 213
навбатӣ