Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бисёр тассуф меҳӯрам, ки бисёр чизҳоро ба ман дар мактаб, донишгоҳ наомӯзондаанд. Дар қисми охири умр фаҳмидам, ки бисёр чизҳоро бой додаам.

Аз хирадманде пурсиданд: – Инсон кай ба қуллаи баланди одамӣ мерасад?
– Ҳазор, дуҳазор, панҷҳазор номӣ мекунад, ки инсон ба қуллаи мақсад бирасад.

Баъзан фикрҳои гуногун майнаамро чун кирми себе, ки даруни себро оҳиста хӯрда мепӯсонад фаро мегирад.
Асабониям месозад. Чӣ бояд кард? Роҳи аз ин фикрҳои кирмониро бояд ҷӯст. Агар роҳашро наёбам маро тамоман нобуд хоҳанд кард.

Ҳангоме, ки ҳаёт инсонро таҷриба мегузаронад, мебинад, ки иродаи инсонӣ ба он тоб меорад. Онҳое, ки иродаи қавӣ доранд саломат мемонанд; беиродаҳо бошанд дар баҳри зиндагӣ ғарқ мешаванд.

Барои хоҳише назди касе рафтан аз инсон шуҷоату мардонагиро талаб мекунад.

Хушомадгӯӣ кори хуб нест. Лаънат ба камбудиҳои зиндагӣ, ки баъзан маҷбур мекунад, ки назди касу нокас зориву тавалло бикунӣ. Чӣ илоҷ зиндагӣ бо гарданшаҳӣ намешудааст.
Якеро тағо, дигареро амаку ака гуфта хушомад заданро зиндагӣ маҷбур мекардааст.

Назди нафаре барои пурсидани кӯмак рафтам, ки ӯ ҷавоби аҷоиб дод:
– Шумо мард будаед, ки назди ман кӯмакпурсӣ омадаед.
Хоҳишамро иҷро накард. Паноҳаш ба Худо.

Дуздҳо байни худ зинаҳо доранд.
Дузди қонунӣ аз ҳама ҳисоб мешавад. Дузд роҳҳои худро дорад ва дуздон гуногунанд. Дуздоне ҳастанд, ки ҳисабурӣ намекунанд. Курсие нишаста ризқи худро меёбанд.
Танҳо роҳбарӣ намудани онҳо бас аст, ки як дунёро ғорат намоянд. Оромона ғорат намудан ва ором зистан хумори онҳост.

пешина
аз 213
навбатӣ