Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ривоятест, ки дар дунёи хеле қадим дар яке аз мулкҳо дар назди як аробае як кӯргиреҳе будааст, ки дар назди ӯ чунин суханҳо навишта шуда буданд.

Ҳар ки ин кӯргиреҳро кушода тавонад, ӯ дунёро, яъне оламро ба даст меоварад. Боре Искандари ҷаҳонгир ба назди ин кӯргиреҳ наздик шуд ва хушомадгӯёну лагандбардорон ба Искандар гуфтаанд: Агар Шумо ин кӯргиреҳро кушода тавонед, ин ҷаҳонро фатҳ мекунед. Искандари ҷаҳонгир дар назди ин кӯргиреҳ истод ва кӯшиш ва андеша кард, ки ӯ чӣ тавр ин кӯргиреҳро бикшояд. Ва баъди андешаи тӯлонӣ ӯ шамшерашро бароварда ин кӯргиреҳро пора кард.

Ин рафтори Искандар оё дуруст буд?

Ман ақидаи худамро гӯям? Ақидаи ман ин аст: Аввал бояд гуфт, ки дунёро ҳар кас ба тарзи худ дарк мекунад. Яке ин тавр, дигаре дигар тавр.

Ақидаи Искандар бо тарзи шамшер ва зӯрӣ кӯргиреҳро бурид. Ин тавр ӯ кушодани кӯргиреҳҳои дунёро бо зарби шамшер ва зӯрӣ ҳал кард.

Моён майда-чӯйдаҳо чӣ тавр ҳалли масъаларо биёбем?

Чандин бор ҳаст, ки дар пешам кӯргиреҳҳое пайдо мешаванд, ки намедонам ман онҳоро чӣ тавр ҳал бинамоям?

Чӣ тавр ин кӯргиреҳро ба василаи ақлу хирад боз кунам?

Ман дар назди ин кӯргиреҳ музтар мондаам.

Чӣ бояд кард?

Фардо доир ба ин масъала ман бояд андеша бикунам, ва ҳатман бояд ба як хулосае оям.

Ку то фардо боз тоқат бикунам, ку фардо ба ман чӣ маслиҳат медиҳад. Хайр, фардо...


Послесловие

Ҳ. Гадо:

Зайди в любую самую бедную таджикскую семью и спроси хозяина,- как здоровье, как жизнь? Он обязательно ответит тебе: «Шукр».

Я, Хошим Гадо, на приветствие отвечаю:

  • Шукр. Худоё, илоҳо аз ин бад накунад.

Завершая эту книгу, я, Х. Гадо, желаю вам того же.

Ваш неутомимый трудяга - пчела и верный пёс - Хошим Гадо.

пешина
аз 213
навбатӣ