Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Хайр, рафиқ полковник!
Васька сари аспро сӯи деҳа гардонда, қамчин зад. Полковник аз қафои ӯ нигариста табассум карда монд.
БАНДАИ ХОБ
Субҳи барвақт. Ҳаво ҳанӯз торик буд. Шамоли на он қадар сахт, вале сард мевазид, барфи майдаи рӯйхарош меборид. Шамол дам ба дам авҷ гирифта, барфҳои ба баландиҳо рехтаро рӯфта, ба пастхамиҳо ҳаво медод. Аз дур майдони васеъ ва ноҳамвор атласи «кӯкқарға»-ро ба хотир меовард.
Пункти дидбонӣ дар ҷое қарор гирифта буд, ки на фақат истеҳкоми душман, қариб ҳар як нуқтаи оташфишонӣ, ҳар як ҳаракати майдатарини душманро баръало дидан мумкин буд. Мо ҳамроҳи комбат капитан Малинин ва шахсони дигар навбат ба навбат мавқеи душманро мушоҳида мекардем. Мушоҳида мекардему мунтазири капитан мешудем, ки чӣ ҳукм хоҳад кард: «Мудофиа» ё «Ба пеш!» Зеро ӯ на фақат соҳибфармон буд, балки командири баркамол, соҳиби маҳорати беҳамтои ҷангӣ ва ниҳоят пухтакор ва серталаб ҳам буд. Ба калонсолиаш нигоҳ накарда, чунон зирак ва чашмонаш тезбин буданд, ки бе дурбин ҳам дар тарафи душман мӯрча ҷунбад, мефаҳмид.
— Душман нияти ҳамла кардан дорад, — гуфт ӯ шишан дурбинашро бо дастрӯймолчааш пок кардаю аз нав ба чашмаш наздик бурда, — ягон қадам пеш гузоштан намондан даркор. Зуд огоҳ кунед, тирпарронии ҷудогонаро бас кунанд. Мунтазири фармон шаванд. Имконият додан даркор, душман наздиктар ояд. Чунон боб кунем, ки ба гурехтан вақт ёфта натавонад. Тезтар бошед! Чаро тарра барин шах шуда мондед?!
Робитачиҳо шитобон рафтанд. Дере нагузашта тирпарронии тарафи мо хомӯш шуд. Гитлерчиён чанд дақиқа аз тамоми намудҳои миномёту тӯпҳо тир холӣ карда, аз паси онҳо аскарони пиёдаи худро ба ҳуҷум равона карданд. Онҳо гавак кашида, то ба масофаи қариб сад метр наздик омаданд. Аммо комбаты «дилвасеъ»-и мо парвои фалак надошт. Комбат фақат ҳангоме командаи «Оташ!» дод, ки гитлерчиён аз ҷояшон хеста, ба сӯи хандақҳои мо хеле наздик омаданд.
Беҳуда намегӯянд, ки «пир нест, тадбир нест». Ҷанговарони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё