Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар замони осоишта мебуд, Васькаро ширинкор пиндошта, ҳама механдиданд. Дар замони ҷанг ин хел будани сарулибосро фарқ намекунанд, ба ҳар чиз намеханданд.

— Ман беда овардам! — бо овози баланд гуфт Васька ба полковник наздиктар шудаю монандӣ ҳарбиён дасташро ба чаккааш бурдӣ.

— Вольно! — ришханд зад командири полк. — Хӯш, «рафиқ ҷанговар» бедаро ба кадом бозор мебаред?

— Ба бозор намебарам, ба фронт овардам, ба акаи Петро овардам! — Васька худашро гум накарда, бо оҳанги аввала гуфт ва ба атроф чашм давонд.

— Петро? Бригадири колхоз-мӣ? — боз шӯхӣ кард
полковник.

— Не, аскар, таҷанка меронад. Аспҳояш гурусна буданд. Мо беда доданӣ будем. Нагирифт. Саросема омаданд. «Хайр, майлаш, худамон расонда мебарем», гуфт.

— Кӣ гуфт? — худро ҷиддӣ вонамуд карда пурсид
командири полк.

— Бобоям. Ман бедаро тез-тез кашондам. Бобоям ба фургон таҳ кардан гирифт. «Аргамчинро маҳкам баста мекашем, аспҳоро давондан лозим меояд» гуфт. Худаш аз болои гарами беда ба замин ғалтид, пояш лат хӯрд, ярааш кушода шуд. Вай ба зери бомбаборон мондагӣ. Пояш шикастагӣ.

— Ӯро танҳо партофта омадӣ?

— Ҳа. Маро гуфт, ки «Савор шав, аспро тозон, расонда бар. Бедаро супор, зуд баргард, маро ба духтур мебарӣ...»

Полковник аз шунидани суханони Васька ғамгин гашта, каме хаёл карду касеро кофтагӣ барин ба одамони дар атрофаш буда як-як назар афканд. Мақсади ӯро фаҳмида, зуд иҷозат гирифтаму гуфтам, ки захираи хошок дар зери бомбаборон монда сӯхт. Аспҳо гурусна монданд, ҳатто таҷанкаи холиро кашола карда натавонистанд. Баъд мӯйсафеди лангу ин бача...

— Фаҳмида шуд, — гапи маро бурид полковник. — Боракалло, азизам! — Баъд ба адъютанташ рӯ оварда гуфт: — Аз номи ман гӯӣ, ба ин қаҳрамон қанд, нон, ба бобояш докаю дору дода фиристананд! — ба бача рӯ овард: — Ба бобоят ташаккур, ба ту ҳам, писари далер!
— ба китфи Васька меҳрубонона тап-тап зада монд полковник.

пешина
аз 323
навбатӣ