Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фақат ду аспи бобоям монд, — ба гап ҳамроҳ шуд Васька, ки ба аспи зард об медод.

— Агар ҷавон мебуданд, инҳоро ҳам мегирифтанд, — гуфт мӯйсафед.

— Пир бошанд ҳам, аспҳои кори калон, — таъриф кард Васька.

— Ҳа, зотӣ-дия. Пурқувват, қобил, — оҳи вазнин кашида, давом намуд мӯйсафед: — Ҷанг наздик омада монд. Парторг ҷавонҳоро гирифта, отряди партизанӣ ташкил карду ба ҷангал рафт. Раис, ки пир буд, ҳамроҳи пирсолону бачаҳо боигарии колхозро гирифта, ба ақибгоҳ рафт. Ман ҳам кӯдаконро ба фургон бор карда, аз пасашон мерафтам. Мерафтаму ба ғарами беда менигаристам. Худам ҳам расо ғарам карда будам-дия. Раис «Оташ зан» гуфт, дилам нашуд. «Ба фашистҳо хошоки тайёрро тӯҳфа мекунӣ?! Магар ту тарафдори душманӣ?!» гуфта раис дӯғ зад. Ана баъд аз фургон фаромада рафтаму чашмамро пӯшида, ба ду-се ҷои ғарам гӯгирд задам. Оташ гирифту гурехтам. Э, додарам, беда не, гӯё ман месӯхтам, ман!.. Хайрият, борони сахти барфолуд меборид. Намедонам, таъсири борон буд ё хеле дур рафта будем, ки аланга хеле паст шуду баъди чанде чароғакҳо барин милт-милт карда монд.

— Ҳар рӯз чанд бор ҳайфи беда гуфта мегиристед-а, бобо? — ба гап ҳамроҳ шуд Васька.

— Командирҳои азиз, ҳамаи инҳоро худи ман даравида будам-дия. Раис чанд бор ёрдамчӣ доданӣ шуд, рад кардам. Чала медараванд, резу чош мекунанд, гуфтам. Бедаравӣ ҳам ҳунар аст. Ба ҳар кас бовар карда супурда намешавад...

— Хайрият, ҳамаи беда насӯхта будааст, — ба гап ҳамроҳ шуд старшина лабханд карда, — толеи мо-дия.

— Худаш ҳам дилу нодилон гӯгирд зада бошед даркор-а, амак? — гуфтам, — Дар вақти гӯгирдзанӣ дастатон ларзидагист?

— Э, командир, тамоми вуҷудам меларзид... Аз радио шунидам, ки қӯшунҳоямон фашистонро аз деҳа зада ҳай кардаанд, ҳамон рӯз боз гашта омадам...

— Ман ҳам, — гуфт Васька гапи бобояшро бурида, — «Не-не, нарав, чӣ номаққул мекунӣ?!» гуфтанд бобоям. Аммо ман омадан гирифтам.

— Охир, ягон ҳодиса нашавад гуфта, ғаматро хӯрдам-дия, бачам. Хайр, омадагеш бад нашуд. Се рӯз ин ҷониб ҳар дуямон, — ба ғарами беда ишора намуд мӯйсафед, — ҳамин қадар бедаро сара кардем. Мана ин

пешина
аз 323
навбатӣ