Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Ҳамин тавр-куя. Лекин ин бечора ҳам дунё ба умед ба фронт омадааст. Рости гап аз баъзеҳо беҳтар хизмат мекунад. Мана, се рӯз ин ҷониб рӯза медорад. На хас ҳасту на хошок. Бечора боз ба касе шикоят намекунад.
— Шумо бепарво гаштед?
— Не, чӣ хел бепарво мешавад кас? Ба ҷони старшина расондам. Ҳар рӯз чанд бор мегӯям. Худат ёв мегӯяд. Ман аз куҷо меёбам? Ин ҷо колхоз не-ку. Ин ҷоро фронт мегӯянд... Дина аз сарои вайрона камтар лишхӯрд ёфта дода будам. Лом нагуфта, паккос зад, бечора. Имрӯз латта ҳам нест, ки хояд.
— Имрӯз-фардо омада мемонад. Хабар дода будам, ки беда нест. Аммо меояд гуфта хотирҷамъ шудан лозим нест. Дирӯза барин ба зери бомбаборон монад чӣ кор мекунем? Атрофро дарак кунед, шояд хасу хошок ёфта шавад.
Петро Таргелашро об доду бурда ба қафои таҷанка баст. Аспи дигараш Сиёҳак ҳам, «акнун навбати ман» гуфтагӣ барин ба соҳибаш шиҳа кашида монд. Петро ба «арз»-и вай ҳам расид. Ана, баъд боз назди Таргелаш рафта сару гардани вайро хорумол кард, аз ёлаш хаспораҳоро чида партофт ва сағриашро ҳам хорумол карда тап-тап зада монд. Ин меҳрубонии Петро ба Таргел хуш омад магар, ки думашро ликкондаю гӯшҳояшро афшонда, ба сӯйи соҳибаш сар тофт ва миннатдорӣ изҳор кардагӣ барин шуд.
Табъи ҳаво хира буд. Пагоҳ ин ҷониб ғурриши самолётҳо ҳам ба гӯш намерасид. Лекин таркиши гулӯлаю «замзама»-и пулемётҳо ягон дақиқа ҳам қатъ намегардид. Баъзан овози тиру тӯп чунон ҳам авҷ мегирифт, ки беихтиёр ба аслиҳа даст мебурд.
— Петро, аспҳои маро надидӣ? — пурсид таҷанкарони дигар Сергеев, ки кӯтоҳ-кӯтоҳ нафас мекашиду хеле парешонҳол буд.
— Дурустакак набастӣ? — Петро ҳам хавотиромез ба атроф чашм давонд.
— Сахт баста будам. Чилавро хоидаанд, лаънатиҳо. Ҳозиракак дида будам-а, — Сергеев ба сӯйи хонаҳои вайронаю валангор шитофт. Петро ҳам аз паси ӯ давид.
Ҷустуҷӯи аспҳо хеле давом кард. Аз ин старшинаи рота асабӣ шуда, аламашро аз аскарони дигар мегирифт.
— Чаро хомӯш истодаед?! Аспҳо гум шудаанд!— аррос мезад ӯ гулӯяшро дарронда. — Хой, бодиринг!— аскареро ҳамин тавр меномид ӯ.— Чаро симчӯб барин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё