Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
гирифта диданд ва Азимҷонро табрик гуфтанд. Махсусан, духтур ниҳоят шод гашт, ки ба дарди бемораш даво овардзаст.
— Ана, ин гапҳоро хонед, духтурҷони азиз! — Азимҷон газетаю боз ба Мария Фёдоровна додани буд, ки ҷавони бепои дар паҳлуяш хобида кашида гирифт.
— Ба ман деҳ! Ман бо овози баланд мехонам.
— Не, ба ман деҳ! — гуфт бемори дигар. Бемори бепой газетаю аз нав кашида гирифт ва бо овози баланд хонд:
«Дар ин сурат шумо сарзвенои колхози «Ватан»-и РСС Тоҷикистон, пахтакори машҳур Фотимабону Фозиловаро мебинед. Дар паҳлӯяш духтараш, толибаи синфи даҳум Малоҳат Азимҷонова. Ватандӯстони боҳиммат баъди кору хондан шабҳо тоқӣ дӯхта, пул ҷамъ карда, ба фонди колоннаи танкии Тоҷикистон панҷоҳ ҳазор сӯмро тақдим намудаанд. Сарфармондеҳи Олӣ ба онҳо аз таҳти дил ташаккур баён кардааст.
Дар сурат ватандӯстони олийҳиммат Фотимабону Фозилова, Малоҳат Азимҷонова. Суратгир...».
— Туро ҳам табрик мегӯем, Азимҷон! Ура!
Азимҷон аз шодӣ қариб аз ҷояш хеста буд. Мария Фёдоровна зуд рафта, ӯро аз бағалаш гирифт, оҳиста барои аз ҷояш хестан ёрӣ расонд, дар рӯи хона роҳ равонда гуфт:
— Акнун, дар ҳақиқат шумо аз ман як тоқӣ қарздор, Азимҷон!
— Ба ҷонам, Мария Фёдоровнаи азиз!
МУНДШТУК
Ҳавои ҳардамхаёли моҳи январ. Абрҳои ғафсу тира гӯё аз ягон чиз хушк монда истода бошанд, дар тохтутоз. Шамоли аз шиддат монда зарраҳои барфро ба сару рӯи кас дакка хӯронда, ба замини аз зарби тӯпу туфанг шудгоргашта пош медод, дам ба дам барфҳои дар пастхамиҳо ғуншударо чун орди аз зери санги оснёб баромада бод мекард.
Аз ин ҷо қадре дуртар заминканҳои вайрона ба назар менамоянд. Ҷанговарони рота заминканҳоро аз назар мегузаронанд. Ҳар яке онҳоро як навъ ба ифоқа оварда, барои дамгирии худ паноҳгоҳҳо тайёр мекунанд.
Дар як тараф ҳаммоми аз ҷодари брезентӣ, дар паҳлӯи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё