Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Овоза мекунам, ки ошиқи туам.
- Шӯрат меандозам ба роҳбари синф.
Ошиқи бало каме ақиб рафту дартоз омада, аз параи рӯйи духтар бӯсиду гурехт. Ин манзараро бачаҳои шӯх аз роғи дар дида, ҳою хӯ бардоштанд. Рӯшангул гирист. Дарси навбатиро мебоист Сафар Ҳомид мегуфт. Аммо дер кард. То мудири бепарво пеши оина нисфи сари лайсашро бо мӯйҳои дароз ва тоқии ҷусташ паноҳ карду шиму пиҷчаки кӯҳнаашро ба ифоқа овард, ки доду войи толибилмон ба фалак дакка зад. - Ҳе, духтар, чӣ мегирӣ?
- Найъимуф задам.
- Ку бача, ду қадам пеш баро. Рост ба хонаи муаллимон... шагом - марш!
Ҳай истинток карданд Убайдуллоро.
Бегоҳӣ дугонаҳои Рӯшангул воқеибаро ба падари ӯ хабар кашиданд. Мардак асли гапро аз духтар фаҳмида, дари хонаи муаллимонро кӯфт. Сафар Ҳомид ҷадвали дарсҳоро аз назар мегузаронид. Падар, сари ҷаҳл гуфт: - Баофиягӣ, муаллим?!
- Нағз, ягон кор доштӣ?
- Мактаби шумо таълимгоҳ аст ё ҷойи духтарбозӣ?
- Ку бишин, чӣ гап гузашт?..
- Бачаи Маҳмадулло-ку?!
- Ту падари Рӯшангулӣ?
- Ҳа.
- Дина фаҳмидам, ки ...
- Бигӯ духтарама ғам надиҳад, ки қабраша меканам. Ба ҷойи донишомузӣ ишқварзӣ?
- Пайи қорат бирав, масъаларо ҳал мекунем.
То кунун падар намедонад, ки Рӯшангул хостгорҳои омадаро барои чӣ мегардонад.
Офтобро пораабри сиёҳ ба дарозо паноҳ кард. Замин тираву тор гардид. Мӯйсафедон гиребони тавба доштанд, ки зиндагӣ бе офтоби оламоро бемазмун метобад. Киштҳо дар пуштаҳо аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё