Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳофизӣ кун, бачаи бобо! Дар овозат кабкҳо мефуроянд.
– Ҳайф, ки нахондем. Агар не, ба мо ҳам ягон қоғазу қалам мерасиду дар бӯву тафи рӯған дамгир намешудем.
– Пеши худат сад хондагӣ гарданкаҷаст.
– Дари хонаи падарчӣ ҷон мегирӣ?
– Насабаш чӣ буд?
– Хоҷа Афғони соқипарӣ.
– Ӯ бад медидат?
– Оҷама дӯст медошт хонасӯхта, ҷойи куштанма намеёфт.
– Найранг мебозидӣ-а?
– Ҷоҳил буд, мезадам...
– Ту қарор меништӣ?
– Як бегоҳӣ ҳаракӣ алаф оварда, дар бало дармондам. «Сағира, бар падарат лаънат!» – гуфту ба тасман паҳне сахт задам. Сарам чархид, чашмҳом сиёҳӣ зад. Таги долон санге дидаму бардошта ба фархи сараш фуровардам. Яке очам омад...
– Ҷангат накард?
– Дилаш сӯхте! «А бача, таноби умрат биканад, ҳалокаш кардӣ! Вой, хонаам...» – оби дида рехт. Шӯрпахта кофта овард, ба пешониаш баст.
– Шаб куҷо рафтӣ?
– Даруии кохдон хобидам.
– Оҷаат надидат?
– Дар латтае паноҳӣ нон печонда овард.
– Чизе гуфт ба дарди бемор?
– Гуфт: «мурда барин хоб аст».
– Ту чӣ гуфтӣ?
– Савганд ёд кардам, ки калон шавам, духтари зани дигариша мегирам.
– Баъд ӯ Бегимоҳа нагирифтӣ?
– Хушдор кофт ба худаш.
– Хушрӯ буд-чӣ?
– Чашми рости ӯ ба чапаш қаҳрӣ буд. Мӯйи сару қадаш як ваҷаб. Лилипуте.
– Зеби гӯр доштак бигӯ?
– Сари қаҳр «ошиқ» шудам, додар.
– Ҳӯ-ӯ, ба дара нигоҳ кун, як села кабк парвоз дорад.

пешина
аз 314
навбатӣ