Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳамаамон! - камингирона ба ҳарб омода шуданд авбошон.
    Маъруф чолок занакро ҷониби мошин тела зад ва бо корди дудама ба ҳарифон ҳамла овард. Ҷангҷӯи аввала аз дур дабба-дабба давида, шатта партофт. Нӯки по ба бари шими Маъруф расид ё не, садои бадвоҳимае аз ҷигар кашиду дар нуқтае чархида, сӯяшон муштулагад партофт. Сари тезина ба ҷои фарбеҳи тоссар бархӯрда, дарҳол ба лаби чашма давид. Гурези хӯҷайинро дида занҷирбадастони муқобилат суст шуд. Авбоши сеюм ба чапу рост парида, корди дасти Маъруфро зада афтонд. Ҳарчи гиребони ӯ ба дасти Маъруф дармонд ва зада-зада бурд ба болои мошини худашон партофташ. Марям афту дарафти мардонро дар шӯълаи чароғи мошинҳо медиду ба «деви Даго» хоҳарона меҳр мебаст. Шофир бо куртаи дарида, димоғсӯхта, пирӯз баргашт.
    Мошини авбошон пештар ба роҳи дигар ғайб зад.
    Хаставу валаъмат менамуд мардак. Чашм аз роҳ наканда, боғайрат меронд мошинро. Талу пуштаҳо паси сар шуд ва мошини пурбор вориди роҳи ҳамвор босуръат мерафт. Чӣ ҷойи дурӯғ, муомилаву феъли накӯи зан мардакро ба роҳи ростин кашид. Гоҳи мастӣ ҳамин зайл одами дар мавқеъ устувор ӯро ҷилав дошта метавонад. Ин сафар Маъруф ӯро ба ҷаҳони дигаре пайваст.
    Шоҳроҳи аз ду тараф арчазор поин ёфт. Аз торикистон мошин ба рӯшанистон мерафт. Дуроҳа. Маъруф ба чароғаки сабз нигарон пурсид:
  • Дар куҷо мефуроӣ?
  • Ба кӯҳдоман ҳай кун..., - самимӣ хоҳиш кард Марям.
  • Сӯзишворӣ кам мондааст. Дар меҳмонхона ҷой намеёбам.
  • Ғам нахӯр, ҷойи хоб ҳаст. Хаста шудаӣ, як пиёла чой бинӯш...
  • Ягон вақти дигар.
  • Илтимос, ака...
    Гуфтори боварбахши занак ба дили Маъруф ҳарос ангехт. Яке аз худ фаришта сохта, ба ҳила бурда ба дасти шавҳари нашъамандаш биспораду по болои по монда, ба ҳоли зораш бихандад. Шаҳди нокомӣ чашида, ғаюриву бодақиқош куҷо мемонад? Некӯ набуд, таърифро аз меъёр гузаронд. Магар ампеши сардмиҷозе ба зону бизанад. Роҳи мумфарш ба фароз тӯл мекашид.
  • Ба тарафи чап тоб хӯр...
    Ба қасри бошукӯҳе расид Маъруф. Мегӯӣ ба даргоҳи шоҳи мулк
пешина
аз 314
навбатӣ