Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

роҳҳои маргафзои даҳшатсоз, ки бисёр одамону мошинҳоро ба ком фурӯ бурдааст..., дар дили ҳар кас даҳшат меафзуд.
Меҳмон аз Канада дар ағбаи Анзоб мавзеъҳои пурхатари марговарро бо чашмони худ дида, аз он ҷойҳо гузашта, аз тарсу воҳима гулӯгиру ҳазорҳо бор аз омаданаш пушаймон шуда, тавбаю тазарро кард, ки дигар ҳаргиз дар чунин ҷойҳо қадамашро намегузорад ва дуохониҳои Алӣ Мӯсавӣ Раҳимӣ ва аз Худованд илтиҷо карданаш дар бораи коргарону равандагони ин маҳалли пурхатар, дар ҳақиқат, аз шароити душвору даҳшатбори ин мавзеъ маълумот медиҳанд, ки нависанда ин ҳамаро самимона ва мантиқан комил эҷод кардааст. Муаллиф ҳам барои аз наздик дидану фаҳмидани он ҷойҳо бо пойӣ худ рафта, ҳамроҳи коргарон якҷоя меҳнат карда, аз фаъолияти босамару пурхавфашон бохабар шуда, ҳамзамон бо ифтихор қайд менамояд, ки кори якҷояи нависандаву раҳбарону коргарон дар душвортарин лаҳзаҳои фаъолият қаробаташонро бо меҳнаткашон афзун месозад, дар дилу афкорашон қуввату дармон дода, парвози илҳомро неру мебахшад.

Аз сангҳои гуногунранг дар зодгоҳаш шаҳри Ганҷаи
Озарбойҷон бинои сеқабата сохтани Иброҳим, ки тамошоҷойи аҳли ҷаҳон шудааст, барои тоҷикистониён мисоли нодир мебошад. Адиб бо ин мисол гуфтан мехоҳад,
ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар болои сангу ганҷҳои нодир
зиста, чунин биноҳо насохтаанд. Мусанниф ҳамзамон аз
канданиҳои фоиданок, аз ганҷинаҳои саршори Тоҷикистон дар роҳи накб ба мулоҳиза омада, аз нав барқарор
кардани заводҳои истихроҷи конҳои тиллою волфрам, нилум, сангҳои қиматбаҳою рангину мармарини ағбаи Анзоб
пешниҳодот ба миён мегузорад. Бинобар ин ҳам Бахтиёр
Муртазо ҳамаи ҳуҷҷату санадҳои ағбаи Анзобро омӯхта,
бо коргарон аз наздик шинос шуда, роҳбарони накбро дидаву суҳбат ороста, нақшаҳои гузаштаю ҳозира ва ояндаи
накбҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мулоҳиза монда, бо

пешина
аз 263
навбатӣ