Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ва техникии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муҳтавои нав ба поён расонидан, бо ҷамъоварии маводи зарурӣ, ҳуҷҷату санадҳои давлатӣ, омӯхтани мулоҳизаҳои раҳбарони давлату андешаҳои зиёиёну коргарон ва бисёри монанди онҳоро таҳқиқ намуд. Зиёд истифода кардани ҳуҷҷату санад баъзан ба парвози хаёл, ифодаи андешаҳои олӣ, ба таҳқиқу воқеаву ҳодисаҳо халал ворид менамояд. Вале ин нависанда дар баробари ҳуҷҷату санад то имкон дошт, аз тасвирҳои бадеӣ фаровон кор бурд. Бадеияту тахайюл бар ҳуҷҷату санад ҳамчун гӯшт бар устухон омада, шираю шарбат ва мазияти сухани бадеиро афзун кардааст. Романи мустанади «Накби Истиқлол» муҳтаюю мазмуни пургановат дошта аз ҳуҷҷат чӣ миқдор истифода кунад, аз тахайюли бадеӣ боз бештар кор мефармояд.
Рӯзи бистуми майи соли як ҳазору нӯҳсаду наваду нӯҳ аз хотираи қаҳрамони асосии асар Мафтун ва дӯстони ӯ ҳаргиз сутурда намешавад.
Дар ин рӯз Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату ғайрат ва қаҳрамонии беназир иншооти нахустини даврони истиқлолият - сохтмони накби Анзобро эҳё намуданд.
Ба ин муносибат дар самти шумоли сохтмон ҷаласаи ботантана баргузор шуда, Роҳбари давлат чунин суханони таъсирбахш ва пурмазмуну пурмуҳтаво гуфтанд:
«Имрӯз барои мову шумо боз як имтиҳони навбатии Ватану ватандорӣ, боз як озмоиш дар роҳи таҳкими истиқлолият ва иқтисодиёти кишвар оғоз меёбад...»
«Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳро кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд, ки дар байни Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чаҳор фасли сол ба рӯйи мардум кушода бошад. Бигузор падарону модарон ва бародарону хоҳарони мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигузор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди накби Анзоб кӯпруки зарине гардад, ки чун давоми силсилаи Шоҳроҳи абрешим қисмати шумоли мамлакатро бо пойтахти он бипайванддад. Бигузор рафтуои мардум аз шарофати ин роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё