Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Асари муҳимтарин ва ҳам проблемавии ин маҷмӯа «Чашмаи офтоб» мебошад, ки ба таъбири М. Наҷмиддинов онро «солномаи навзамини Бешканд» метавон номид. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки мақсад аз таълифи ин асар муаррифии Бешканд (ҳозира ноҳияҳои Шаҳритӯс, Қубодиён ва Носири Хусрав) ва бешкандиён аст. Аммо моҳиятан мавзӯи баҳси он кишоварзӣ аст, ки маншааш сохтмони канали обёрии Бешканд мебошад. Ҷавҳари он «меҳри инсон ба инсон ва меҳнату ободонию ободсозии он» аст.
Зимнан дар эҷодиёти Бахтиёр Муртазо мавзӯи кишоварзӣ дар баробари мавзӯи сохтмон ҷойгоҳи хосса дорад. Ин мавзӯъ таносубан дар аксари очеркҳои ӯ ба назар мерасад, аммо дар «Чашмаи офтоб» он вусъат пайдо карда, ба нуқтаи олӣ расидааст. Дар ин асар муаллиф печутобҳои зиндагӣ ва азму талошҳои бешкандиёнро дар роҳи ба кишти кишоварзӣ даровардани даштҳои беоб, обёрӣ намудани заминҳои нав ва аз «дашти марг» ба чаманистони зиндагӣ табдил додани ин гӯшаи диёр нишон додааст.
Ин раванд дар фаслҳои «Бешканд чӣ маъно дорад?», «Оғози баҳори чӯл», «Мизони одамият», «Оби Кофарниҳон - ба дашт», «Камарбанди сабз», «Қиссаи зардолуи орифӣ ва як вагон пахта», «Марди некфарҷом», «Сафҳаи достон», «Гул кунад дар дашти марго зиндагӣ», «Аз Қубодиён то Пинар дел Рио», «Сарсабзиҳои доғи сафед», «Чашмаи офтоб», «Ҳар қитъа замин барои кишт аст», «Барҷӯш, дило», «Себи пайванди хонадон», «Боғҳои Семирамида», ки мундариҷаи асарро ташкил медиҳанд, баррасӣ шудааст.
Тавре аз унвони фасли аввал бармеояд, адиб дар оғоз дар заминаи сарчашмаҳои таърихиву адабӣ, қомусу фарҳангҳо маънии калимаи Бешкандро шарҳ медиҳад, бо ишораи номҳои қадимаи он Байканд ва ё Вашканд мулки таърихӣ будани онро бозгӯ менамояд. Ин усул имкон медиҳад, ки хонанда доир ба ҷуғрофияи ин минтақаи офтобии кишвар, сатҳи фарҳангу маънавиёт, расму оин, урфу одат, шуғл ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё