Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
баррасӣ карда шудааст.
Мавзӯи очеркҳои «Чанорҳои ёдбуд», «Фирор ва ҷасорат» ва «Нури ҷовидони зузанаб» дар умум ҷанг аст. Дар онҳо муаллиф корномаҳои озодихоҳонаи он мардони шуҷоеро ба тасвир гирифтааст, ки барои ҳифзи Ватан далериона ҷангидаанд.
Қаҳрамони очерки «Чанорҳои ёдбуд»– Юлдош-командир дар солҳои 30-юми асри гузашта барои барпо намудани сохти нави иҷтимоӣ ба муқобили ҳаракати босмачигарӣ далерона ҷангида, баъдан умри худро сарфи корҳои нек кардааст. Дар бораи қаҳрамониҳои Юлдош-командир Соҳибназаров асарҳои зиёде иншо гардидаву филми мустанад низ таҳия шуда бошад ҳам, корномаи ҷангии ӯ аз ҷониби Бахтиёр Муртазо бо вижагии хос инъикос шудааст. Дар тасвири адиб ӯ, натанҳо марди ҷасур, шикорчии тавоно, содиқи Ватан, балки дӯсти қарин, инсони хоксор, фурӯтан ва дарёдил аст. Чанорҳои ёдбуде, ки хонаи ӯро иҳота кардаанд, нишонаи муҳаббати ӯ ба дӯстони ҳамяроқаш аст, ки ба муқобили душманони золим ҷангидаанд. Дар тасвири нависанда ӯ марди хоксор аст, «дар бораи худ чизе намегӯяд, дар забонаш фақат сифати дӯстонаш аст». Ҷовидон мондани пайкори худро аз шарофати дӯстони ҳамсилоҳаш медонад.
Дар очерки «Фирор ва ҷасорат» чанд лаҳза аз саҳнаи корномаи ҷангӣ ва муборизаҳои Назар Қаюмов ба тасвир кашида шудааст, ки дар заминаи суҳбатҳои бевоситаи муаллиф бо қаҳрамон ва рӯзномаи қайдҳои солҳои ҷангии ӯ шакл гирифтааст. Лейтенант Назар Қаюмов соли 1942 дар ҷанг асир меафтад. Ӯ дар асорат ду маротиба фирор мекунад, аммо қасдаш барор намегирад. Дафъаи сеюм Назар бо ҳамватанони худ Турдиназар Муродови шӯрободӣ ва Бозор Хушвактови ҳисорӣ маслиҳат карда, фирор мекунанд ва бо сахтиҳо раҳо меёбанд. Онҳо ба дастаи партизанҳои Югославия пайваст мешаванд ва то анҷоми ҷанг бо дӯстон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё