Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

зоб ҷойгир буда, аз самти ғарбии он тақрибан ҳафтсаду панҷоҳ-ҳаштсад қадам дуртар Шоҳроҳи қадимаи абрешим бо соҳили рости дарёчаи Майхӯра ба тарафи бозори Меҳр-гони Зимарги бостон ва дигар шаҳристонҳои чор тарафи чархи гардон меравад» (саҳ. 263-264).

Боз шудани Нақби Истиқлол ва ба истифода додани шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ орзуи деринаи халқи тоҷик буд, ки маҳз дар замони Истиқлол ба амал пайваст ва аз бисёр ҷиҳат дорои аҳамият аст. Дар луологи зерини шахсияти асосии асар ба зарурати ин роҳ ишора шудааст: «Охир, роҳ бошад, кас ба дидори хешу пайвандон, дӯстон, ҳамқишлоқиҳо, ҳамшаҳриён, ҳамватанон мерасад, ба онҳо наздик-тар мешавад. Роҳ бошаду якдигарро зуд-зуд бинанд, дӯстон дӯсттар мешаванду ошиқон ошиқтар. Бо дидорбинӣ ҳамтаборию ҳамдиёрӣ низ мустаҳкамтар мешавад. Баръакс, бероҳагӣ ба бегодагӣ меорад. Аз ин рӯ, беҳуда нест, ки гуфтаанд: аз дил биравад, ҳар он ки аз дида бирафт.

Роҳ ваҳдату муттаҳидии кишварро таҳким мебахшад. Пас кистанд он роҳбароне, ки як минтақаи Ватанро бо минтақаи дигари он васл кардан не, балки барои манфиатҷӯӣ, бо найрангу фанду фиреб фасл кардан мехоҳанд? Чунин роҳбарони тангназару камбин аз кадом тавилаанд?...» (саҳ. 156).

Романи «Нақби Истиқлол» ҳамчун романи мустанад дорои муҳтассоти адабии хоссе буда, муҳимтарин вижагии он аз назари услуби нигориш фарогири далелҳои дақиқу муътамад будан ва тасвири воқеияти таърихие мебошад, ки дар замони муосир ба амал омадааст. Роман асосан ба сабки публитсистӣ навишта шудааст, вале нависанда аз ҷузъиёти тасвири бадеӣ ҳам суд ҷустааст. Истифода аз унсурҳои саҷъ, ташбеҳ, тавсиф ва бархе дигар аз аносири тасвири бадеӣ боиси تکмили бадеияти асар гардидаанд. Масалан, барои намоёнидани азамат ва аҳамияти кӯҳ бо чунин тавсифи ҷолиб рӯ ба рӯ ҳастем: «...кӯҳ саҷдагоҳи рӯҳи инсон,

пешина
аз 263
навбатӣ