Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

гар, ба мисли таҳсилот, хонадоршавӣ, моҷарои оиладорӣ, муносибат бо атрофиён, муносибат ба шуғли дӯстдошта, хубии ватан, пайванди гузашта ва имрӯзи ҷомеа ва монанди инҳо диққат дода, чеҳраи Мафтунро дар муҳити кор ва ҷомеа баробар ба андеша гирифтааст. Дар заминаи тасвири масъалаҳои мазкур дар асар андешаҳои зиёде матраҳ шудаанд, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма гирифтаанд. Масалан, фалсафаи тарбияи баданро нависанда чунин баён кардааст: «Мафтун яке аз шогирдони пешрав ва фаъоли ин устоди варзиш ҳисоб меёфту ҳамвора маҳорату дониш меандӯхт ва муаллим ҳам ба ӯ ва чанд нафари дигар ҳунари панҷатобию гарданкашӣ, гурзпартоию найзаандозиро бо ҳавсалаи том меомӯхт. Ин муаллим зимни сабақ ба шогирдон мегуфт, ки ниёгони мо ҳам дар замонҳои қадим бо ҳамин навъи машқҳои бадан, ки ҳоло каратэ мегӯянд, машғул мешуданд ва онро танҳо бар зидди ғосибон ва душманон ба кор бурда, заифону бечорагонро ҳифз мекарданд. Шумо ҳам бояд ин қоидаро ҳатман риоя намоед, вагарна аз ин машқу тамрин баракат намеёбед» (саҳ. 25-26).

Риштаи нозуки дигаре, ки нависанда дар ҷой-ҷойи роман ба он таваҷҷуҳ кардааст, тақдири инсон мебошад. Бо тақдири инсон бозӣ кардани одамони ҷудогона, то андозае номуайян будани тақдири инсон дар ҳаёт, баъзе рӯйдодҳои зиндагӣ, ки ғайричашмдошт ба амал меоянд ва дар сурати роҳи ҳалли онҳоро пайдо накардан одамон онҳоро ба тақдир ҳавола мекунанд, муҳимтарин бардоштҳои фалсафие ҳастанд, ки диққати хонандаи асарро ба худ ҷалб мекунад.

Бахтиёр Муртазо гоҳе пешниҳод ва масъалагузориҳои хубе ҳам кардааст, ки ба равиши анҷоми амалҳои шоиста ва ширкати ҳамагонӣ дар корҳои бунёдкорӣ марбутанд. Инчунин, назари интиқодии нависанда ҳам шоистаи таваҷҷуҳ аст. Ҷое, ки кор ҳаст, баъзан норасоӣ ҳам мушоҳида мешавад, дар муқобили шахсиятҳои мусбат нафарони зишт ҳам ҳастанд. Махсусан, нависанда нафаронеро, ки нисбат

пешина
аз 263
навбатӣ