Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Догона аз таърихи роҳсозӣ дар даврони Шӯравӣ, аз ҷумла, роҳҳои мошингарди Душанбе ба самтҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ба воситаи ағбаи Хобу Работ, хатти роҳи оҳани Тирмиз - Сталинобод, роҳи Сталинобод - Ӯротеппа тавассути ағбаи Анзоб огоҳӣ пайдо кардан мумкин аст. Таърихи ба охир расидани сохтмони роҳи ағбаи Анзоб ба самти шумоли кишвар, ки он замон роҳи мошингарди Сталинобод - Ӯротеппа меномидаанд, дар асар ба таври равшан ва зикри санаи таърихӣ сабт шудааст. Ин роҳ масофаи миёни Ҷануб ва Шимоли Тоҷикистонро дар қиёс ба роҳи оҳан се маротиба кӯтоҳ карда буд. Далели таърихии зерин, ки судури он баъди ба истифода додани роҳи мазкур рух додааст, санади бисёр ҷолиби таърихӣ мебошад: «Ҳукумат барои заҳмати садоқатмандона ба яксаду наваду ҳашт нафар роҳсозон, ки аз озодӣ маҳрум буданд, бо қарори махсус озодӣ бахшид. Барои озод кардани ҳаштоду ду нафари дигар, ки аз ҳуқуқ маҳрум буданд, ба идораҳои олиқақоми Маскав пешниҳод фиристода шуд» (саҳ. 84). Чунин таваҷҷуҳи дақиқи нависанда ба аҳамияти романи «Нақби Истиқлол» ҳамчун асари мустанад меафзояд.

Дар асар бо шахсиятҳои достонии зиёде рӯ ба рӯ ҳастем, вале дар маркази тасвири нависанда як образи асосӣ қарор дорад, ки ҳамчун доира шахсиятҳо ва воқеаҳои зиёдеро ба ҳам меоварад. Мақсади нависанда дар симои шахсияти асосии роман - Мафтун Азим офаридани шахсияте миллӣ бо характерҳои мушаххас аст, ки дар зиндагӣ, хусусан, дар муносибат ба кор ва масъулият ба қудрату маҳорати хеш бовар ва эътимоди куллӣ дорад. Образҳои Шералӣ ва Ҷобирбек, пеш аз ҳама, барои такмили чеҳраи Мафтун аҳамият доранд, бахусус, риштаи нозуки дӯстӣ ва ҳамфикрӣ ҷиҳати саҳми муносиб гузоштан дар ободии Ватан, тобоварӣ дар баробари мушкилиҳо ва иродаи қавӣ дар иҷрои масъулиятҳо симои онҳоро низ ҳамчун шахсиятҳои миллӣ муаррифӣ мекунад. Образи Мафтун ба гурӯҳи образҳое до-

пешина
аз 263
навбатӣ