Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан

корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб Шералӣ ва Ҷобирбек низ ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба ба ин иншооти муҳим даъват карда мешаванд.

Симои Шералӣ аз оғози боби аввали асар, ки «Муҳориба бо юз» унвон дорад, яъне аз лаҳзаи расидани номаи ӯ ба дӯсташ Мафтун, ки дар он аз дубора оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар нақби Анзоб хабар дода мешавад, ба назар падид меояд. Бо Ҷобирбек, ҳангоме ки Мафтун ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданашонро ба ёд меорад, шинос шудан мумкин аст. Дар симои Шералӣ ва Ҷобирбек низ нависанда шахсони ватандӯсту фидокорро тасвир намудааст. Онҳо низ мехоҳанд, монандӣ Мафтун малакаю маҳорат, таҷрибаю нерӯ ва ғайрати ҷавонии худро барои ободонии Ватан сарф намоянд.

Шералӣ ва Ҷобирбек дӯстони содиқи Мафтун мебошанд. Ҳангоме ки сохтмони нақби Анзоб шурӯъ мешавад ва Мафтун мехоҳад, бригадаашро ба ин иншооти муҳим сафарбар намояд, Шераливу Ҷобирбек низ ӯро ҷонибдорӣ мекунанд. Умуман, дар симои Шераливу Ҷобирбек низ нависанда мутахассисони хуби соҳаи нақбканиро тасвир намудааст. Таҷрибаи Шеролиро ба ҳисоб гирифта, дар сохтмони нақби Анзоб ӯро сардори бригадаи нақбканон таъйин менамоянд. Ҷобирбек дар сохтмони нақби Анзоб аввал сардори бригадаи бетонрезон таъйин мегардад ва дар ин самт қобилияти баланди ташкилотчигӣ зоҳир менамояд. Баъдан ӯро сардори бригадаи насосҳои обкашӣ таъйин менамоянд. Дар ин вазифаи муҳим низ Ҷобирбек бо масъулияти баланд фаъолият намуда, барои бартараф кардани садамаҳое, ки аз боиси фаввора задани об ба вуҷуд меомаданд, корнамоиву матонат нишон медиҳад. Бригадаҳои Мафтуну Шералӣ ҳаммусобиқа мешаванд. Мусобиқаи байни ин ду бригада ба хотири пешрафти кор мебошад, на барои рақобату худнамоӣ. Аъзои ҳар ду бригада кӯшиш мекарданд, ки нақшаи ҳаррӯзаи нақбканиро

пешина
аз 263
навбатӣ