Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
-
Ато Ҳамдам дар як мусоҳиба гуфтааст, ки вақте маро ба «Ҷавонони Тоҷикистон» таъйин карданд, аввалин коре кардаам ин буд, ки команда сохтам ва тамоми дастовардҳои рӯзнома он солҳо дар ин буд, ки як тими мустаҳкам доштем. Дар роҳбарии Шумо «Ҷавонони Тоҷикистон» чӣ ҳол дошт?
-
«Ҷавонони Тоҷикистон» аз замони М. Наҷмиддинов як тим буд ва мо ҳамон анъанаро давом додем.
-
Устод, Шумо чордаҳ сол дар «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият кардед. Оё ҳанӯз ҳам ба ин нашрия дилбастагӣ доред?
-
Такрор ҳам шавад мегӯям, ки маро «Комсомоли Тоҷикистон» тарбия кардааст. Бисёр чизҳоро он ҷо омӯхтаам. Беҳтарин давраи ҳаётам ҳам дар он ҷо гузаштааст. Ҳеҷ гоҳ ман ин даргоҳро фаромӯш намекунам. Дар он айём намедонистам фасли тобистон чӣ гуна сипарӣ мешуду сармо чӣ гуна мегузашт. Фаъолият дар «Комсомоли Тоҷикистон» ниҳоят шавқовар буд.
-
Муайян аст, ки пас аз рафтан аз «Ҷавонони Тоҷикистон» роҳи Шумо васеътар шуд ва ба журналистика боз ҳам ҷиддитар машғул шудед. Маводе, ки дар аввали солҳои 90-ум навиштед, ба зиндагии Шумо то чӣ андоза таъсир гузошт?
-
Агар манзуратон мақолаи «Наҳанги ҷумҳурӣ» ва силсилаи мақолаҳои танқидие, ки он давр навиштаам бошад, албатта, таъсири худро расонд, зеро пас аз нашри он мақола маро бисёр таҳдидҳо карданд.
-
Чаро бо вуҷуди ҳама ошкоргӯиҳое, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ доштед, расонаи худро накушодед?
-
Ман ҳеҷ гоҳ ба фикри он набудам, ки як рӯзномаи шахсӣ дошта бошам.
-
Баҳои Шумо ба журналистикаи имрӯза.
-
Ба журналистикаи имрӯза баҳои хуб медиҳам. Чунки журналистони имрӯза бо вуҷуди душвориҳои иқтисодие, ки ҳаст, кӯшиш доранд, то ҳаётро ба таври шоиста инъикос кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё