Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
ХУРШЕД ХОВАРИ,
Саҳоба Шарифӣ, кормандони
рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»
МАКТАБИ ҶОВИДОНИ РӮЗНОМА
Чанде қабл дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии китоби дуҷилдаи «Хӯшаҳо аз киштаҳо» ва маҳфили эҷодии нависанда, публитсист, тарҷумон ва журналисти тоҷик Бахтиёр Муртазо баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки бо иштироки адибону рӯзноманигорони фарҳехта ҷараён гирифт, бобати эҷодиёти серсоҳаи Бахтиёр Муртазо, маҳорати эҷодӣ, забони фасеҳи асарҳояш ва луғатдонии адиб андешаҳои зиёде радду бадал гардид. Дар зимни перомуни нақши Бахтиёр Муртазо дар публитсистика ва адабиёти муосир чандин мақолаву мусоҳибаҳо чоп шуданд. Мо дар бораи бардоштҳои ин адиб аз зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ӯ бо эшон суҳбате анҷом додем, ки онро манзури хонанда мегардонем.
-
Бахтиёр Муртазо дар ҷомеа ҳамчун рӯзноманигори собиткадам, нависандаи барҷаста ва тарҷумони чирадаст шинохта шудааст. Мо мехоҳем бифаҳмем, Бахтиёр Муртазо, ки ахиран ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон мушарраф шуд, аз нигоҳи худаш кист?
-
Ман бештар дар рӯзномаҳо фаъолият кардаам. Ҳаёти худро аз овони мактабхонӣ бо ин ришта гузаронида, ин касбро аз ҷавонӣ дӯст доштаам. Бахтиёр Муртазо аз нигоҳи ман рӯзноманигор ва нависандаву мутарчим аст.
-
Пӯшида нест, ки фаъолияти шумо самтҳои гуногунро дар бар мегирад. Дар мисоли устодон Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Гулназар ва чандин адибони дигар барои мо маълум аст, ки як давраи ҳаёти худро эшон дар идораи рӯз-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё