Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

риф кард, вале изҳори намуд, ки ба чопи китоб танҳо Иттифоқи нависандагон ё ягон адибу тарҷумони варзида бо такриз иҷозат медиҳад, зеро ҳамон вақт Бахтиёр Муртазо узви Иттифоқи нависандагон набуд.

– Агар иҷозатномаи Иттифоқ ба дасти мо расид, асар 4000 нусха чоп хоҳад шуд, – ваъда дод Анора Остонова.

Дар асл муносибати Анора Остонова барои қабулу ба нақша гирифтану чопи «Сурх ва сиёҳ» дуруст буд. Кош, ҳамин гуна муносибат имрӯз низ расм мешуд, зеро нисфи зиёди китобҳое, ки имрӯз ба дасти хонанда мерасанд, танҳо ба ном моли адабиётанд.

– Чӣ кор кунам? – маслиҳат пурсид Бахтиёр.

– Ба Убайд Раҷаб муроҷиат кунед. Он кас метавонанд! Хуб мешуд тарҷумонҳо муҳокима мекарданду яке муҳаррир таъйин мешуд.

Убайд Раҷаб сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» буд. «Сурх ва сиёҳ»-ро қабул кард ва баъди як ҳафта гурӯҳи тарҷумонҳои машҳури Тоҷикистон Ҳабиб Аҳрорӣ, Шариф Шараф, Шамсӣ Собир, Нусур Холмуҳаммадоро, ки муқими Душанбе буданд, даъват намуд ва асарро пора-пора ба ҳар кадом супурд. Пас аз чанд моҳ муҳокима оғоз ёфт. Албатта, тарҷумаи асари бузург бе камбуду хато набуд, вале дар маҷмӯъ ҳама маъқул донистанд ва аз миён Шамсӣ Собирро муҳаррири масъул интихоб намуданд. Тарҷумони машҳур гуфт:

– Бахтиёр, рӯзҳои наздик ман ба фарогатгоҳ меравам, ба Қрим. Асарро дар ҳамон ҷо хонда, ба дастат месупурам.

Ҳабиб Аҳрорӣ зиёдтар аз дигарон Бахтиёрро тараф гирифтанд ва ӯро хотирҷамъ намуданд, ки асар чоп хоҳад шуд. Ҳамон сол ба хотири дилпур шудани тарҷумони ҷавон Убайд Раҷаб як пораи калони асарро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп кард.

Дар миён як воқеаи фараҳбахш рух дод. Дар фарогатгоҳи Қрим устод Сотим Улуғзода ҳам табобат мегирифта-

пешина
аз 263
навбатӣ