Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ТОЛИБИ ЛУҚМОН,
шоир, мудири шӯъбаи Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон

КИТОБИ РӮМИЗӢ

Китобҳое ҳастанд, ки баъди хондан намешавад онҳоро каноре гузоštu фаромӯш кард. Онҳоро такрор ба такрор мехониву лаззати бештар мебарӣ ва баъзе нукоти таҳтониашонро бештар дарк мекунӣ. Чунин китобҳо зери гарду ғубори солҳо намемонанд, аз даст ба даст гардон мешавандu пайваста ба одамият хизмат мекунанд. Китоби бисёр зебоvu лаззатбахши «Садбарги зарин»-ро, ки ба қалами нависандаи машҳури рус Константин Паустовский тааллуқ дорад, ҳамин гуна дарёфтам. Нависандаи ин китоб таҷрибаҳои ҳаётиву эҷодияшро ба сурати хеле бадеъu дилнишин қаламӣ кардааст. Чунонки аз нӯшидани оби ширин ташнагии кас меафзояд, ҳар бори хондани «Садбарги зарин» низ иштиёқи хондан боз ҳам бештар мешавад.

Хонандагон «Садбарги зарин»-ро аз ҷумлаи муҳимтарин осори К. Паустовский ба шумор овардаанд, зеро он ҳунари нависандагиvu қудрати ҳаллоқияти ӯро хеле равшан аён кардааст. Бо дарназардошти бадеияти баланд, чеҳрасозиvu манзараофарӣ ва дигар хусусиятҳои бадей иддае онро ба повест нисбат додаанд. Аслан дар ин шоҳкори камназири нависандаи рус маҷмуи ҳикоят, лавҳаҳо ва ёддоштҳо чунон табиӣ ва нозукона омезиш ёфтаанд, ки ба жанри мушаххасе марбут донистанашон душвор аст. Иддаи дигар онро дастурамале барои ҷавонони эҷодгар номидаанд, ки комилан дурусту баҷост.

«Садбарги зарин» соли 1955 нашр шудааст ва аз он замон то кунун аз ҷумлаи хонданитарин китобҳо дар боби кори ҳунарӣ ба шумор меравад. Нависанда дар ин китоб

пешина
аз 263
навбатӣ