Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

АдабиётМаърифат
Аз аввал хондан
  • Пас аз Истиқлоляти Ватани маҳбубамон бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диёрамон Тоҷикистони азиз саропо ба майдони сохтмонҳои муҳим табдил ёфт.

Ба андешаи камина, нависанда бояд ин сохтмону иншоотро амиқан омӯхта, дар бораи тасвири корномаи бунёдгарон асарҳои хуб, шавқангез ва мондагор эҷод намояд. Симоҳои барҷастаи офаридгорон бояд бо ҳақиқатнигорӣ инъикос шаванд, ин аст вазифаи адиб.

  • Дар баробари эҷоди бадеиву публитсистӣ Шумо аз ҷавонӣ ба тарҷумаи осори нависандагони ҷаҳонӣ низ машғул будаед. «Роҳи Каҳкашон»-и Ҷ. Айтматов, романи нависандаи Фаронса Стендал «Сурх ва сиёҳ», китоби «Садбарги зарин»-и К. Паустовский ва чанд асари дигарро чирадастонаву ҳунармандона ба забони тоҷикӣ тарҷума кардаед. Аз миёни ин асарҳо «Садбарги зарин», ки дар ҷавонӣ тарҷума намудаед, чанд сол пеш бо таҳриру такмил дигарбора нашр шуд. Чӣ зарурате Шуморо ба ин кор водор кард?

  • Банда асарҳои адиборон аз рӯйи нақшаи нашриёт тарҷума накардаам, ҳеҷ чунин иттифоқ наафтодааст. Дар хусуси чӣ тавр тарҷума шудани повести «Роҳи Каҳкашон»-и Ҷ. Айтматов дар боло зикр намудем. Романи «Сурх ва сиёҳ»-и нависандаи бузурги Фаронса Анри Мари Бейл Стендалро бори аввал солҳои мактабӣ мутолиа намудаам. Соли 1969, ки ман он вақт дар вазифаи мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекардам, аз тарафи ҳукумати давр дар сохтмони шоҳроҳҳои кишвари ҳамсояи Афғонистон ба сифати мутарҷим ва ба муддати се-чор сол сафарбар гардидам.

Ҳамон солҳо ин романро низ тарҷума намуда, дар мусофират ба ин шуғли дӯстдошта масруф будам.

Тарҷумаи китоби нависандаи бузурги рус Константин Георгиевич Паустовский «Садбарги зарин» бароям хеле шавқангез маҳсуб меёбад. Чанде пеш нашриёти «Адиб»

пешина
аз 263
навбатӣ