Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
АдабиётКӯдакон
Аз аввал хонданМОДАРИ ҶОНИ МАН
(Суруд)
Бар сари қуллаат
По намонад саҳоб,
Қуллаи кӯҳи туст
Ошёни уқоб.
Нақарот:
Эй Ватан, эй Ватан,
Модари ҷони ман.
Ҷони ман, ҷони ман,
Тоҷикистони ман.
Зинати сад чаман
Оби бехоби туст.
Роҳати ҷони ман
Қатраи оби туст.
Нақарот:
Эй Ватан, эй Ватан,
Модари ҷони ман.
Ҷони ман, ҷони ман,
Тоҷикистони ман.
Дӯст дорам ба ҷон
Хоку оби туро,
Боду боронии ту,
Офтоби туро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё