Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Талхе сӯзонда гузашт ва ҳамон дам дар баданам ҷон давид.

Чӯпон флягаро боз ба миёнаш баста, ифодаи ҷиддии рӯяшро дигар накарда гуфт:
— Рафтем, — ва қафо гашта, роҳ сар кард.

Чӯпон бо як роҳи наздик ва қуллае, ки аз пеши теғаи кӯҳ мегузашт, моро зуд ба аулаш расонд.

Дар миёнҷои авул, дар манқал оташи калоне барафрӯхта шуда буд.
— Либосатонро хушк кунед, — гуфт чӯпон ба манқал ишора намуда ва худаш боз берун рафт.

Мо либос хушк мекардем, ки ёрдамчии ӯ, ҳамон бачае, ки пагоҳӣ маска ҷудо мекард, ба авул даромад...
— Хуб боб шудед? — гуфт ӯ хандида... — Хуб тарсидед?
— Он қадар не, — сурх шуда ҷавоб дод Юсуф.
— Лекин мо хуб тарсидем, — гуфт бача.
— Аз чӣ? — пурсидам ман.
— Ба шумо ягон ҳодиса нашавад гуфта тарсидемда. Акаам бисёр пушаймон шуд, ки чаро шумоҳоро аз роҳ нагардондааст.
— Номи ту чӣ? — пурсид Юсуф.
— Миртемир. Номи шумоҳо чӣ?

Мо номамонро гуфтем.
— Канӣ, шинед, — гуфт Миртемир, вақте ки мо либосҳоямонро аз нав пӯшидем. Ӯ дастурхон андохта гӯшти пухта, ҷурғот, панир ва нони дегӣ оварда монд.

Мо, ки сахт гурусна монда будем, худро ба болои хӯрок партофтем.

пешина
аз 184
навбатӣ