Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ки бо қувваи даҳчанд омада, моро ба поён тела дод. Ман ғелида бар болои Юсуф афтодам.

Гулдурр! Гулдурр! Боз даҳшатноктар садо дод раъд ва ҳанӯз гулдурроси он ором нашуда, барқи качу килеби сершоҳае осмонро чанд пора карда, дар бадани абрҳо ғӯтида рафт. Гӯшам баста шуда, чашмам сиёҳӣ мезад.

Юсуф аз дастам гирифта, маро боло кашола кард.

Ногоҳ аз зери поям як чизи калони мулоиме баромада рафт. Он чиз чунон зуд дар торикӣ ғайб зад, ки ман ҳатто сиёҳии онро дида натавонистам.

— Юсуф! — бо тарс фарёд кашидам ман, аммо шамол омада, фарёди маро гашта ба даҳонам зад ва ҳамон замон бар болои пешониям як қатраи калони об афтид. Сел сар шуд.

Дақиқае нагузашта мо сар то по шип-шилта тар шудем.

— Ҳошим! — фарёд кард Юсуф дар зери гӯши ман. — Ба таги ана он харсанг рафтан даркор! Набошад, сел рӯфта мебарад!

Ягон даҳ қадам чаптар аз мо як харсанги калоне воқеъ шуда буд, ки дар таги он ду-се кас пинҳон шуда метавонист. Бо як азоб худро ба паноҳи харсанг расонидем, аммо дар ҳамин ҷо ҳам аз сел халосӣ набуд. Об аз болои харсанг шорида рост ба сари мо мерехт.

Шарроси сел то рафт зӯр мешуд. Ногоҳ дар болои сарамон чизе баланд тараққос зад ва ҳамон дам аз боло як тӯда санги калон-калон афтида, ба поён ғелида рафт. Сел ва шамол як шуда сангҳои

пешина
аз 184
навбатӣ