Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ЛОЛАЧИНӢ

Агар шумо Ленинободи моро дида бошед, бояд нағз донед, ки аз тарафи шимол шаҳрро дарёи Сир давр зада мегузарад ва аз он канори дарё, аз худи лаби об дашти санглохе сар мешавад, ки хеле паҳновар буда, рафта-рафта дар таки кӯҳи Муғул ба охир мерасад.

Кӯҳи Муғул на пирях дорад ва на шаршараҳои пурғулғула, на бешазор дорад ва на сайди дурусте. Аммо баҳорон, ки ҳама ҷоро сабза пӯшида, ҳазор ранг гул мешукуфад, кӯҳ хеле серодам мешавад. Аксари «сайёҳон» аз бачагони шаҳр иборат мешавад, ки онҳо аввал барои бойчечак, баъд аз чанд рӯз барои лолаи сурх ва сонӣ барои ревоҷ (чукурӣ) кӯҳбарой мекунанд.

Аз ин чанд сол пеш, дар яке аз рӯзҳои аввали моҳи апрел ман ва ҷӯраи ман Юсуф маслиҳат кардем, ки ба ҳамин кӯҳи Муғул ба лолачинӣ равем.

Як рӯз пеш тайёриамонро дида, рӯзи дигар ҳанӯз офтоб сурхӣ накарда ба роҳ баромадем.

Ба лаби дарё расида, шишаҳоро аз об пур кардем ва аз кӯпрук гузашта ба дашт баромадем.

Шамоли саҳарӣ мевазид.

— Ҳаво анча хунук, — ларзида гуфтам ман.

— Офтоб барояд, гарм мешавад, — гуфт Юсуфи сергӯшт, ки ҳатто тугмаи камзӯлашро нагузаронида буд.

Ман беихтиёр ба фарбеҳии ҷӯраам ҳасад бурда, ба шиками ӯ тап-тап зада гуфтам:

пешина
аз 184
навбатӣ