Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
Чунон тез кардааст, ки алмос барин. Вақте ки навбати Гург омадааст ва усто савғоти ӯро дидааст, ҳамаи дандонҳои Гургро якта-якта чинда, ба ҷояшон пундона шинонда мондааст.
Баъди ин онҳо боз дар сари хирманҷо ба якдигар рӯбарӯ шудаанд. Гург дар навбати худ як қап андохтааст, вале як тори мӯи Бузакро канда натавонистааст. Бузак бошад, дар навбати худ бо як зарбаи шоҳҳои алмос барин тезаш шиками Гургро дукафон кардааст ва ҳамон лаҳза Ҳалулаку Булулаки ӯ аз шиками Гург парида баромада, худро ба канори модарашон задаанд. Боз хушбахтона зиндагӣ кардаанд.
Онҳо дар он ҷо монданд. Мо ба ин ҷо расидем. Як себаки сурх дар токҷа, як тухмаки мурғ дар дегча. Ҳар кас, ки барвақт хезад, себаки сурх ҳам аз ӯ, тухмаки мурғ ҳам аз ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё