Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
ҒАФФОР МИРЗО
Ғаффор Мирзо 5 январи соли 1929 дар деҳаи Даҳани Шоли ноҳияи Ховалинг зода шудааст. Соли 1949 факултеи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм намудааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Аз самими дил» (1952), «Ҳазор раҳмат» (1954), «Дил дар кафи даст» (1962), «Аз гаҳвора то майдон» (1981), романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» (1983) ва ғ. мебошад.
Барои бачагон асарҳои марғубе навиштааст, ки «Сангодавак» (1953), «Баррача рӯяд аз замин» (1953), «Чилдухтарон» (1956), «Гунҷишкак» (1961,1964), «Достак» (1961,1965), «Як қатра офтоб» (1965), «Гулҳои дастабаста» (1974) ва ғ. аз он ҷумлаанд.
Шоири халқии Тоҷикистон (1994).
Аз соли 1952 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
26 августи соли 2006 вафот кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё