Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ба умеди оянда, дар раванди ба даст овардани натиҷаҳои мушаххаси амалӣ, на фақат шавқу рағбати хонандагонро дар рафти аз болои худ кор кардан бедор менамояд, балки имконият медиҳанд, ки дар раванди худтарбиякунӣ хонанда дар назди худ мақсадҳои навро муайян намояд. Ин бисёр муҳим аст, чунки дар раванди аз болои худ кор кардан, бе муҳлати муайян ҳал намудани уҳдадориҳо, наврас дар ҷамъбаст намудани худтарбиякунӣ мушкилӣ кашида, дар натиҷа онҳо ба имкониятҳо ва қувваи худашон боварӣ ҳосил намекунанд ва ҳатто рӯҳафтода мешаванд.
Бинобар ин, ба хонандагон дар хусуси барқарор намудани алоқа байни вазифаҳои наздики худтарбиякунӣ ва мақсадҳои дурнамои алоҳида дасти ёрӣ дароз кардан зарур мебошад. Масалан, ба хонандагоне, ки хоҳиши ба созмони «Ахтарон»
аъзо шуданро доранд, дар навбати аввал ба онҳо лозим меояд, ки худро ба ин қадами муҳим тайёр намоянд — рафтор ва давомоти худро хуб намояд ва ғайра. Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба худтарбиякунӣ арзишҳои дигар, ба монанди дар мусобиқа ҷои аввалро соҳиб шудан, ба иди миллии «Наврӯз», ба саёҳатҳои гуногун тайёрии хуб дидан ва ғайра истифода карда мешаванд. Дар сурате, ки шахс вазифаҳои мушаххаси худро амалӣ гардонад, пас аз худтарбиякунӣ даст мекашад, ҳарчанд ки дар ин кор ба дастовардҳои назаррас ҳам ноил нашуда бошад.
СУПОРИШ:

  1. Нақши омӯзгорро дар тарбияи гуманистии хонандагони синфҳои ибтидоӣ муайян намоед ва мисолҳо оред.
  2. Номгӯи мавзуъҳоро оид ба тарбияи инсонгароӣ бо истифода аз китоби дарсии забони модарии синфҳои ибтидоӣ тартиб дода, шарҳ диҳед.
  3. Кадом корҳоро мо метавонем барои эҳё намудани арзишҳои инсонгарии ниёгонамон ба анҷом расонем?
    1.25. Бунёди муҳити таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Мундариҷаи фанҳои таълимии синфҳои ибтидоиро аз худ мекунанд.
    • Принсипи рушди ҳавасмандкуниро дар раванди таълим дониста, тибқи он амал мекунанд.
    • Муҳити мусоиди таълим ва омӯзишро ташкил карда метавонанд.
    Нақша:
    • Муҳити мусоиди таълим ва омӯзиш.
    • Сифати мундариҷаи таълим.
    • Қисматҳои таркибии муҳити таълим.
    МУҲИТИ МУСОИДИ ТАЪЛИМ ВА ОМӮЗИШ
    Яке аз омилҳои муҳими сифати ҷараёни таълим, шароити мусоид ва муҳити таълим ба шумор меравад. Муҳити мусоиди таълимӣ шарти ҳатмии рушди самараноки шахсият ва ташаккули фаъолияти таълимии кӯдакон ба ҳисоб меравад.
    Вазъи гуворро, бехатарӣ, амният, ҷаҳонбинӣ ва таваҷҷуҳи мусбӣ, ки дар психология ҳамчун ҳолати ҳамоҳангии соҳаи эҳсосотӣ-эҳтиёҷот тавсиф мешавад, ҳолатест, ки бидуни он дар синфҳои ибтидоӣ фаъолияти самараноки таълимиро ба роҳ мондан, ғайриимкон аст. Кӯдаке, ки бо ин ё он сабаб дар ҳолати ногувор қарор дорад, наметавонад ба раванди таълим пурра машғул шавад, дар он ҳолат ҷараёни таълим дар муассисаи таълимӣ ба ҳадафи худ намерасад.
    Муҳити тарбия маҷмуи омилҳои моддии ҷараёни таълим ва муносибатҳои байнишахсӣ мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои тарбия дар ҷараёни таъсири мутақобилаи онҳо муқаррар карда мешаванд.
    Муҳити таълимӣ ягонагии дидактикии ҷузъҳои фазоию субъектӣ ва иҷтимоии он мебошад. Хусусияти асосии муҳити таълимӣ сифати мундариҷаи фаннӣ мебошад, ки пеш аз ҳама заминаи моддию техникӣ ва технологии муассисаи таълимиро дар бар мегирад.
пешина
аз 142
навбатӣ