Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ТЕХНОЛОГИЯИ ТАЪЛИМИ ИНФИРОДӢ
Дар дарсҳои технологияи таълими инфиродӣ омӯзгор бобати барҳам задани душвориҳое, ки ҳангоми омӯзиши мустақилонаи мавзуи нав барои хонанда пеш меоянд, мададрасони хонанда мешавад. Омӯзгор хусусиятҳои инфиродии ҳар як хонандаро омӯхта, бо назардошти онҳо ба ҳар як шогирд ёрӣ мерасонад. Хонанда метавонад ҳар вақт барои ёрӣ ба омӯзгор муроҷиат намояд.
Технологияи таълими инфиродӣ бидуни таваҷҷуҳи омӯзгор ба хурдтарин муваффақияти хонанда маънӣ надорад. Хонандагон чӣ тавр ба шавқ меоянд ва низ ифтихор мекунанд, агар омӯзгор дар моҳи март ногаҳон гӯяд: «Имрӯз Ситора ва Фирдавс соли таҳсилро ба анҷом расониданд!» Азиза, ки дар синф нишастааст, фикр мекунад!. «Оё ман аз онҳо чӣ камӣ дорам, ман ҳам бояд мисли онҳо бошам!» ва ӯ аз таҳти дил ба кор шурӯъ менамояд. Сухани хубу гуворои омӯзгор барои фароҳам овардани фазои хайрхоҳонаи равонӣ дар дарс яке аз муҳимтарин омилҳо маҳсуб меёбад. Агар омӯзгор дар синф сухани хуб гӯяд, бешубҳа, хонандагон бо шавқу ҳаваси зиёд кор хоҳанд кард.
Технологияи таълими инфиродӣ ба хонанда барои аз худ намудани иттилоот шароити муфид меорад ва шояд чунин тасаввурот ҳосил шавад, ки барои хонанда ҳама чиз мумкин. Вале ин тавр нест, зеро озодии пурраи интихоб масъулияти баландро дар назар дорад. Бояд ба хонанда имкон дод, ки бо суръати худ, дар дараҷаи душвории худ кор кунад. Ба ӯ бобати барҳам задании душвориҳо мадад расондан зарур аст. Дар ин маврид ба хонанда баҳои бад гузоштан ва пас аз дарс онро нигоҳ доштан мувофиқи матлаб нест.
Педагогикаи ҳамкорӣ усулҳоеро, таҳия месозад, ки тавассути онҳо ҳар як хонанда хешро шахсият мепиндоранд ва таваҷҷуҳи омӯзгорро махсусан ба худ эҳсос мекунад. Ин боз дар он зоҳир меёбад, ки ҳеҷ кас ба қобилияти бача шубҳа намекунад, дар синф ва мактаб ҳам ҳимоят мешаванд.
Тамоюл ба талаботи бачаҳо ба рушди фардии онҳо танҳо тавассути ҳамкории бевоситаи омӯзгорон, волидон ва бачаҳо амалӣ шуда метавонад. Ин вохӯрӣ ё худ ҳамкорӣ ҳамеша хусусияти инфиродӣ нотакрор дошта, ба зарурати ба ягон қарори эҷодӣ омадан алоқаманд мебошад.
Мактаб дар сурате пурсамар фаъолият хоҳад кард, ки омӯзгорон дар вазъиятҳои алоҳида талаботи бачаҳои алоҳидаро ба инобат гиранд. Барои ин омӯзгорро зарур аст, ки табиат ва хусусияти ҳар як бачаро донад ва ба ӯ таъсири фардии педагогӣ расонида тавонад.
Дар синни хурди мактабӣ бача самимона ба омӯзгор дил мебандад. Миёни онҳо робитаи табиӣ сурат мебандад. Бачаҳо аз бисёр ҷиҳат ба калонсолон пайравӣ мекунанд ва ин алоқамандӣ то 12–14 солагӣ идома меёбад. Бинобар он зарур аст, ки бача дӯст ва мададгори калонсол дошта бошад. Ин гунна дӯст омӯзгор хоҳад буд.
Дар давраи наврасӣ бачаҳо ба мустақилӣ майл мекунанд ҳарчанд ба он омода нестанд. Дар ҷадвали дарс фанҳои нав пайдо мешаванд. Дар ин давра мактаб мекӯшад, ки ба шогирдон ҳамаҷониба мадад расонад..
Педагогон асосан тавассути муносибату муошират, суҳбати ҳамкорӣ тарбия менамоянд. Педагогика маҳз бо ҳамкорӣ бо қисми инсоният ки онро «бачаҳо» меноманд, машщул аст, метавон гуфт, ки педагогика илмест дар бораи санъат ҳамкорӣ.
Мустақилӣ чи тавр тарбия мешавад?
Бояд ба бача ёд дод, ки аз озодӣ нагурезад балки озод бошад ва дар озодӣ хешро идора карда тавонад.
Нахустин мақсади тарбия, бешубҳа, тарбияи мустақилият аст. Бачаро мо бояд ба воя расонем, балки монем, ки ба қадри кифоя рушд ёбад ва таълим гирад, руҳияи тоза дошта бошад, ба одамон такя накунад ва аз онҳо вобаста набошанд.

пешина
аз 142
навбатӣ