Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

УСУЛҲОИ МУОШИРАТИ ПЕДАГОГӢ
Муоширати педагогӣ дар ташаккулу такомули маҳорати педагогии омӯзгорон аҳамияти калон дорад. Маҳорати муоширати педагогӣ имкон медиҳад, ки омӯзгор хусусиятҳои психологии хонандагонро ба инобат гирифта, мувофиқи зуҳуроти протсесҳои психикӣ шароит фароҳам орад ва онҳоро ба иҷрои вазифаҳои муайян равона созад.
Одоби муоширати педагогӣ: риояти омӯзгор ба меъёри қоидаҳои муносибат нисбати шогирдон ва волидайни онҳо ва интихоби роҳи дурусти муомилот ба онҳо дар мавридҳои гуногуни раванди таълиму тарбия.
Қайд кардан зарур аст, ки дар таҳти муоширати педагогӣ одатан муоширати касбии устоду шогирдон дар ҷараёни таълиму тарбия дар назар дошта мешавад, ки вазифаи муайяни педагогиро доро буда, ба пайдо намудани муҳити солими педагогӣ равона карда шудааст ва фаъолияти таълимиро беҳтар намуда, муносибати омӯзгор ва хонандаро низ хубтар менамояд (Леонтев А. А.).
Одоби муоширати педагогӣ тақозо мекунад, ки ҳангоми муомила бо мусоҳиб бояд қабл аз баёни нуқсону камбудиҳо ҷиҳатҳои мусбати он шахс ҳатман зикр карда шавад, то ки беғаразии омӯзгор аз ҷониби тарафайн ҳис карда шавад.
Хусусан ҳангоми муошират аз омӯзгор пуртоқатӣ, сабру таҳаммул тақозо мегардад.
Тазаккур мебояд, ки дар муошират сабру таҳаммул мавқеи хосро ишғол менамояд. Аз ин лиҳоз омӯзгоре, ноили комёбиҳо мегардад, агар фаъолияти худро зимни нақшаи мушаххас мунтазам пеш барад. Зеро тарбия кори тӯлонӣ ва мушкил буда, аз омӯзгор пурсабрӣ ва моҳирона муомилакуниро талаб мекунад.
На бояд фаромӯш кард, ки эҳтироми шахсияти шогирд дар маркази фаъолияти педагогӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, дар фасли «Натиҷагирӣ аз консепсияи миллии маълумот» омадааст: «Тарбия бо мазмуни таълим ҳамгироӣ ва пайвандии ногусастанӣ пайдо карда, гуманизм-дӯст доштани инсон, эҳтироми мақом ва муҳити моддию маънавии вай- ҳадафи асосии тарбия қарор мегардад».
Маърифати муошират дар фаъолияти омӯзгорӣ Дар марҳилаи ҳозира давраи тараққиёти бемайлони ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар муаммои тарбияи маърифати муоширатро ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам ба миён мегузорад, ки ҳалли он барои рушди ҷамъият ва онро ба сатҳи нави сифати баланди инкишоф баровардан шароит фароҳам меоварад.
Маърифати муошират — ин низоми меъёрҳо, шартҳо ва қоидаҳои муошират, инчунин технологияи иҷро кардани он мебошад, ки онро иттиҳоди одамон бо мақсади муносиб кардан ва баҳри самараи баланди ҳамкории коммуникативӣ кор карда баромадаанд. Маърифати муошират донистан, фаҳмидан ва риоя кардани чунин меъёрҳои муоширати байнишахсиро дар назар дорад, ки онҳо:
– ба муносибати инсондӯстона ба манфиатҳо, ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсият ҷавобгӯ ҳастанд;
– дар иттиҳоди мазкур ҳамчун «дастур барои амалӣ кардан» қабул шудаанд;
– ба фикр ва ақидаҳои худи шахсият мухолиф нестанд;
– тайёрӣ ба маҳорати риоя кардани ин меъёрҳоро дар назар доранд.
Омӯзгор бояд ба он тайёр бошад, ки ин шартҳо на ҳама вақт дар воқеъият вуҷуд доранд, алалхусус ҳамааш якбора, дар маҷмуъ. Дар ҷомеа метавонанд меъёрҳои муоширате қабул шаванд, ки хислати бадбинӣ доранд ё манфиатҳои одамро инкор кунанд; ё, масалан, меъёрҳои инсонпарваронаи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда метавонанд аз тарафи фарди мушаххас (ё гурӯҳи одамон) поймол карда шаванд, чунки вай онҳоро намефаҳмад ва қабул надорад; ё фард ин меъёрҳоро қабул мекунад, аммо онҳоро риоя карда наметавонад ва ғайраҳо. Дар ҳамин маврид нақши омӯзгор зоҳир мегардад, фаҳмонидани моҳияти онҳо, нишон додани зарурияти онҳо на танҳо барои ҷамъият, балки ба худи фард, ниҳоят, танҳо омӯзонидани онҳо.
Маърифати муошират тавассути амали якҷояи омилҳои зиёд таъмин карда мешавад: ахлоқӣ, равоншиносӣ, иҷтимоии маданӣ, (технологӣ).

пешина
аз 142
навбатӣ