Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Корҳои мустақилонаи донишҷӯ дар кафедраҳо, дар лабораторияҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ва миёнаи касбӣ, ҳамчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки муассисаи таълимиии таҳсилоти олии касбӣ бо онҳо шартнома дорад, ташкил ва иҷро карда мешаванд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. 2) 3) 4) 5) Роҳҳои худомӯзӣ кадомҳоянд? Бо мисолҳо шарҳ диҳед.
    Омӯзгор ба кадом тарзу усул метавонад худтарбиякунии фикриро ба роҳ монад?
    Омӯзгори оянда кадом хислатҳои ахлоқиро бояд дар худ тарбия намояд?
    Ба яке аз китобҳои илмӣ ё таълимӣ аннотатсия нависед.
    Руйхати адабиётро доир ба фанни педагогика таҳия намоед.
    1.19. Этикаи касбӣ ва муоширати педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Мафҳуми «этикаи касбӣ» ва «муоширати педагогӣ»-ро аз ҷиҳати илмӣ маънидод мекунанд ва бамаврид истифода мебаранд.
    • Намудҳо ва вазифаҳои муоширати педагогиро номбар мекунанд.
    • Хусусиятҳои муоширати педагогиро медонанд ва дар худ ташаккул медиҳанд.
    Нақша:
    • Этикаи касбӣ, қобилият ва такти педагогӣ.
    • Муоширати педагогӣ ва сохтори муошират.
    ЭТИКАИ КАСБӢ, ҚОБИЛИЯТ ВА ТАКТИ ПЕДАГОГӢ
    Омӯзгор чун шахси боэътимоди ҷомеа бояд дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ бошад: ҳақгуй ва ростқавлӣ; меҳнатдустӣ; поквиҷдонӣ; хоксорӣ; ҳозирҷавобӣ; муҳаббат ба тифлон ва ба меҳнати педагогӣ; ба вуҷуд оварда тавонистани муҳити психологию ахлоқии мусбӣ дар ҷомеа; хушмуомилагӣ; тавоноии омӯзиши хусусиятҳои фардии ҳар як шахс ва ғайраҳо.
    Қобилияти педагогӣ — ин дарк карда тавонистани объекти фаъолияти худ — шахсияти инкишофёбандаи хонандагон мебошад.
    Қобилиятҳои педагогӣ
    Сифати шахсият, якҷоя ифодакунӣ ва шавқу ҳавас дар кор бо хонандагон, муҳаббат ба бачагон, қаноатмандӣ дар муносибат бо онҳо
    ташкилотчигӣ; дидактикӣ; дарккунӣ; пешниҳодкунӣ; тадқиқотӣ-илмӣ; маърифатӣ-эҷодӣ.
    Такти педагогӣ — ин таъсиррасонии мақсадноки омӯзгор нисбат ба шахсияти хонанда, маҳорати бароҳмонии муомилаи самарабахш.
    Дар ҷараёни азхудкунии такти педагогӣ амал кардани қоидаҳои зерин муҳим аст:
    – дӯстдории бача, нишон дода тавонистани муҳаббати худ нисбат ба ӯ;
    – мушоҳидакорӣ, дида тавонистани сабабҳои ботинии рафтори тифлон;
    – баҳо дода тавонистан ба вазъияти ба вуҷуд омада;
    – суҳбат карда тавонистан бо тифлон; Дар ташаккули такти педагогӣ азхудкунии хусусиятҳои зерин аҳамияти калон дорад: худдорӣ, ҳақгуй, худидоракунӣ, муносибати эҷодӣ нисбат ба таҷрибаи дигарон, инкишофи техникаи педагогӣ, эҳсос ва муносибати актерӣ.
    Маҳорати касбии омӯзгорони навовар ва эҷодкор: муносибатҳои гуманистӣ нисбат ба шахсияти хонанда дар ҷараёни таълиму тарбия; таълими озод; ғояи мақсадҳои душвор; ғояи такя (такяҳои матнӣ, нишонавӣ); ғояи интихоби озод; ғояи пешравӣ; ғояи мувофиқати мазмун ва шакл; ғояи худтаҳлилкунӣ; муносибати фардӣ.
    Маҳорати педагогӣ — сифатҳои шахсии омӯзгор буда, дараҷаи баланди худташкилкунӣ ва фаъолияти касбии педагогии ӯро таъмин менамояд.
    Этикаи педагогӣ. Этикаи педагогӣ илми ахлоқу одоби омӯзгор аст. Омӯзгори замон дар ҳар гуна вазъият, дар ҳама ҷо бояду шояд ба он риоя кунад, то ки шогирдон аз ӯ наҳаросанд, ҳамчун дӯсти мунису ғамхорашон бидонанд. Дар чунин муносибат бо ҳар восила омӯзгор метавонад аз олами ботини шогирдон огоҳӣ пайдо кунад, қобилияту майли ниҳони ононро дарёбад.
пешина
аз 142
навбатӣ