МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан- Кори курсӣ — раванди коркарду лоиҳаҳо дар асоси маводи таълимӣ ҳамчун давраи хотимавии бахши дидактикии таълим доир ба ин ё он фан мебошад. Ҳадафи ин шакли омӯзиш амиқ омӯхтани омодагии касбии донишҷӯён дар раванди истифодаи мустақилу эҷодкоронаи донишу малакаҳо ҳангоми ҳаллу фасли вазифаҳои амалӣ мебошад. Кори курсӣ, одатан, омӯзишу баррасии масъалаи муайянеро аз нақшаи умумикасбӣ дар бар мегирад. Кори курсӣ ҳамчун яке аз шаклҳои кори илмӣ маҳсуб меёбад. Кори курсӣ таҳти роҳбарии омӯзгор, ки чун қоида унвони илмӣ дорад, навишта мешавад. Кори курсии иҷрошуда дар ҳузури ҳайати муайяни устодони кафедра ҳимоя ва баҳогузорӣ карда мешавад.
Рисолаи хатм — коркарди лоиҳаҳои кори илмӣ дар давраи хотимавии таълим дар муассисаи таълимии касбӣ мебошад. Рисолаи хатм нақши корҳои аттестатсияи давлатиро дар муассисаҳои миёна ва олии махсуси давлатӣ иҷро мекунанд. Рисолаи хатм дар мавзуъҳои илмии фарогири масъалаҳои рӯзмарра таҳти роҳнамоии роҳбари илмй иҷро ва бо додани тақриз аз ҷониби муқарризон дар комиссияи давлатии аттестасионӣ ҳимоя карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, тарбия ва худтарбиякунӣ ду ҷиҳати бо ҳам алоқаманди ҷараёни педагогии ягона мебошад. Тарбия мақсад, вазифа, равия ва мундариҷаи худтарбиякуниро таъкид менамояд.Тарбия барои ҳар як шахс шароити ахлоқӣ психологӣ, донишазхудкунӣ ва иродавиро ба вуҷуд меоварад. Тарбия имкониятҳои захиравии ботинии шахсиятро бедор мекунад, ба фъолияти бошуурона даъват менамояд. Худтарбиякунӣ бошад, дар асоси кӯшишу ғайрати ҳар як фард ҷараён мегирад ва ба дарккунии донишҳои нав, васеъгардонии ҷаҳонбинӣ, азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ, худшиносии шахсӣ, ташаккули сифатҳои беҳтарини маънавӣ равона карда шудааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШ: -
-
- Кадом адабиёти таълимиро вобаста ба фанни педагогика медонед?
Намудҳои адабиёти таълимиро номбар кунед.
Барномаи худомӯзии донишҷӯ ва омӯзгор кадом самтҳоро дар бар мегирад?
1.17. Алоқамандии таълим ва тарбия бо худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Асосҳои илмии ташкили худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ, худмушоҳидакунӣ, худтаъсиркунӣ, худтаҳлилкуниро медонанд ва дар худ татбиқ карда метавонанд.
• Барномаи худомӯзӣ ва худтарбиякуниро тартиб дода тавонанд.
Нақша:
• Вазифа ва мундариҷаи худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ, худшиносию худталқинкунӣ.
• Унсурҳои худтарбиякунии касбӣ.
ВАЗИФА ВА МУНДАРИҶАИ ХУДОМӮЗӢ ВА ХУДТАРБИЯКУНӢ, ХУДМУШОҲИДАКУНӢ, ХУДТАҲЛИЛКУНӢ
Тарбия таъсиррасонии мақсаднок буда, ташаккули шахсият ва тайёрии онро бо ҳаёти ҷамъиятӣ ва меҳнати истеҳсолӣ таъмин менамояд.
Тарбия фаъолиятест, ки дар ҷараёни он насли наврас бо таҷрибаи ҷамъиятиву таърихӣ мусаллаҳ гардонида мешавад.
Мақсади тарбияро ҷомеа муайян мекунад ва он ба ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият, таъмини фаъолнокии ҷамъиятиву ҳаётии он равона карда шудааст.
Танҳо дар ҳолате, ки шахсият мақсади тарбияро чун мақсади худ дарк карда тавонад, оид ба самаранокии тарбия фикр рондан мумкин аст. Яъне, ки тарбиятгиранда ба субъекти (яъне иштироккунандаи шуурона) мубаддал гардад.
Худтарбиякунӣ — идоракунии фаъолият аз тарафи фард буда, ба ташаккули шахсияти худ мутобиқ ба мақсадҳои бошуурона, идеалҳои эътиқодҳои мавҷудбуда равона карда шудааст.
- Кадом адабиёти таълимиро вобаста ба фанни педагогика медонед?
-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё