Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Худзоҳирсозӣ — аз раванд ё маҷмуи ҷараёнҳое иборат аст, ки бо низомнокй ба вуҷуд меоянд ва барои фаъолияти муносиб ва мавриди назар мусоидат менамояд.
Хусусияти бефосилагии таҷрибаи педагогӣ — вазифаҳо дар ҳар давраи нав такрор мешаванд. Дар давраи минбаъда он талаботҳое, ки қаблан ба ҳисоб гирифта нашуда буданд, дар ин давра фавран дарк карда мешаванд ва ҳалли худро меёбанд.
Хусусияти комплексии таҷрибаи педагогӣ — дар рафти он ба ҳам пайвастагии тамоми амалиёт — дониши хонанда, омӯзгор, раванди таълиму тарбияте, ки дар ҳар давр ва бахшҳои гуногун гирифташуда ҳамгиро ва таҳлил мешаванд.
Шахсият — маҷмуи сифатҳои иҷтимоии дар ҷараёни зиндагӣ ҳосилкардаи инсон фаҳмида мешавад. Ба мафҳуми «шахсият» хусусият ва сифатҳои иҷтимоии инсон, аз қабили, нутқ, шуур, одатҳои гуногуни иҷтимоӣ, оқилӣ, эҳсоси масъулият, фаъолияти иҷтимоӣ ва устуворӣ нисбати ақоид ва эътиқоди худ. ки ӯро мавҷудоти ҷамъиятӣ мегардонад, хос аст.
Фазои демократӣ — омӯзгор дар асоси усулҳои педагогикаи ҳамкорӣ раванди таълиму тарбияро ташкил карда, ба рушду ташаккули мустақилияти тафаккури эҷодии хонандагон мусоидат менамояд.
Фард — хусусиятҳои шабоҳатнадоштаи хоси инсонӣ буда, фарқияти як одам аз одами дигар, як шахсият аз шахсияти дигарро мефаҳмонад.
Эҷодиёти касбӣ — фаъолияти шахсият барои таъсиси тарзу шеваҳои нави айнӣ ва зеҳнии фаъолияти касбӣ.
Этикаи педагогӣ — илм дар бораи ахлоқу одоби омӯзгор.

пешина
аз 142