МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Вазифаи калонсолон ба кӯдакон додани таҷрибаи худ нест, балки ёрӣ расондан ба ӯ барои иҷрои супориши худаш, имкон додан барои гирифтани таҷрибае, ки ба кӯдак ёрӣ мерасонад. Монтессори дар назди худ чунин вазифа гузошта буд, ки ҳамаашро чунон бояд тағйир диҳад, на мо ба кӯдак диҳем, балки ӯ худаш аз муҳити махсус омодашуда чизи барояш даркориро интихоб кунад. Яъне, омӯзгор ба сифати бунёдгари муҳити таълимӣ, намоишдиҳандаи имкониятҳои маводи гуногун, шахсе, ки ба ӯ барои ёрӣ муроҷиат кардан мумкин аст, мушоҳидакори рафтор ва рушди ҳар кӯдак, фаъолият мекунад. Омӯзгор миёнарави байни кӯдак ва муҳити таълимӣ мебошад.
Ташкили сохтории бинои синфи Монтессори, маводи дар кор истифодашаванда ва таҷҳизот интихоби тасодуфии ашё нест, балки воситаи банақшагирифташуда ва оқилона барои ба даст овардани супоришҳои таълимии муайян аст.
Ҳуҷрае, ки синфи монтессорӣ дар он ҷойгир аст, ба панҷ марказ (минтақа), ки маводи мавзуӣ гирд оварда шудаанд, тақсим мешавад.
Дар маркази ҳаёти амалӣ кӯдак ба худ ва ба дигарон хизматрасониро меомӯзад. Дар ин ҷо воқеан дар лаганд либос мешӯянд, дарзмол мекунанд, барои хӯриш сабзавот тоза мекунанд, бо гуталин пойафзол пок мекунанд Вазифаи муҳимтарини ин марказ расонидани ёрӣ ба рушди иҷтимоии кӯдакон, ташаккули рафтори мусбати иҷтимоӣ дар онҳо, ошноӣ бо одоби рафтор дар ҷомеа аст.
Дар маркази рушди сенсорӣ кӯдак фарқ кардани ашёро аз рӯйи нишонаҳои муайян меомӯзад. Дар ин ҷо маводе мавҷудаст, ки эҳсоси ломиса, биноӣ, шунавоӣ, шоммаро инкишоф медиҳад. Ба туфайли робита муҳит ва таҳқиқоти шахсӣ кӯдак захираи донишҳоро ташаккул медиҳад, ки бо онҳо зеҳни ӯ таҳлилгар мешавад. Бе ин захира қобилияти абстраксия гум мешавад.
Дар маркази забон кӯдакон хондан ва навиштанро меомӯзанд.
Маводи дидактикӣ дар ин марказ ба инкишофи нутқ, бой гардидани захираи луғавӣ, ташаккули мафҳумҳои ҷамъбастӣ мусоидат мекунад, бо ҳарфҳо ва овозҳо ошно месозад.
Дар маркази математика маводе мавҷуданд, ки ба кӯдак барои аз худ кардани мафҳуми миқдор ва робитаи он бо рамз, ҳисоби миқдорӣ ва тартибӣ ёрӣ мерасонад. Дар ин ҷо кӯдакон шинохтан, навиштани рақамҳо, системаи ададҳои даҳиро меомӯзанд, амалҳои математикиро ёд мегиранд. Ва, ниҳоят, ба марказе мемонад, ки онро маъмулан маркази «кайҳонӣ» меноманд.
Дар ин ҷо кӯдак метавонад тасаввуроти аввалинро дар бораи олами иҳотакарда, робита ва баҳамалоқамандии зуҳурот ва ашё, дар бораи таърих ва маданияти халқҳои гуногун пайдо кунад Таҳсилоти фарогир
«Таҳсилоти фарогир» — мафҳумест, ки таҳсили ҳамаи хонандагонро бо ҳамсолон дар синфҳои муқаррарӣ ифода мекунад. Яъне, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, писарону духтарон, кӯдакони дорои фарҳанг ва динҳои гуногун, кӯдакони аз хонаводаҳои ниёзманд ва деҳоти дурдаст ҳуқуқи якхелаи таҳсил доранд. Ҷадвали дар поёновардашуда маҳфуми таҳсилоти фарогирро боз ҳам васеътар шарҳ медиҳад:
Фарогирӣ чунин маънӣ дорад Фарогирӣ чунин маънӣ надорад Хонандагони дорои маъюбият дар мактаби маҳалла/деҳа ё мактаб таҳсил мекунанд Хонандагон метавонанд танҳо дар мактабҳои ҷудогона ё синфхонаҳои ҳамгирошуда таҳсил кунанд, ки мумкин аст дар наздикии мактаби маҳаллаи онҳо ҷойгир бошад ё ҷойгир набошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё