Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

– Барои нишон додани ғалат ё иҷрои нодурусти вазифа омӯзгор ибораҳои «фаромӯш кардан» ё «шояд ман нодуруст фаҳмондам»-ро истифода мебарад.
– Омӯзгор кӯшиши хонандаро қадр карда, сипас ӯро барои ислоҳи ғалатҳо роҳнамоӣ мекунад.
– Дар ҳолати рафтори дағали хонанда омӯзгор ба рафтор/амал диққат медиҳад, на ба шахсияти хонанда. Масалан, ин амали хуб набуд.
Айни муддао
– Омӯзгор ҳангоми роҳнамоии хонандагон ба қадамҳои навбатӣ диққат медиҳад.
– Ҳангоми робитаи мутақобила омӯзгор қадамҳои навбатиро ба таври мушаххас пешниҳод мекунад.
– Дар ҳолати зарурат омӯзгор вазифаро қадам ба қадам пешниҳод мекунад. Танҳо пас аз анҷоми як қисми вазифа ба иҷрои қисми дигари он мегузарад.
Хонандаи Х (номаълум)
– Пас аз муайян кардани дермонӣ ё ғалате, ки аксари хонандагон содир кардаанд, омӯзгор дар маҷмӯъ ба хонандагон (бе гирифтани ном) дастур медиҳад.
Масалан «Кори худро санҷед, оё шумо онро мувофиқи талабот иҷро кардед?
Ягон қадамро фаромӯш накарда бошед?»
Аз имконият истифода бурда, рафтори мусбатро қайд кардан
– Омӯзгор амалҳое, ки хонандагон дуруст иҷро мекунанд, қайд мекунад. Масалан, «Дар ин гурӯҳ Замира ва Рустам омодаанд. Гурӯҳи сеюм ва чорум пурра омодаанд. Ҳамин се нафар омода шаванд, вазифаро оғоз мекунем. Ташаккур, Раҳим барои омода шудан. Акнун иҷрои вазифаро оғоз мекунем. Сар кардем!»
– Омӯзгор рафтори мусбати хонандаро қайд мекунад, аммо хонандагонро муқоиса намекунад. Масалан: Замира омода аст. Рустам ҳам омода аст.
Раҳимҷон, дафтаратро кушодӣ? (Раҳим омода набуд).
Ба мусобиқа даъват кардан
– Омӯзгор ба таври ҳаққонӣ ё сунъӣ хонандагонро ба мусобиқа ҷалб мекунад.
Масалан: Муаллима Нушофарин, ба ман гуфт, ки хонандагони ӯ аллакай ададҳои дурақамаро ҷамъ карда метавонанд. Биёед, мо аз синфи ӯ пештар мешавем ва ҷамъи ададҳои серақамаро аз худ мекунем!
–
Натиҷаҳои чашмдошт ва кӯшишҳоро қайд кунед Омӯзгор барои ҳавасманд гардондани хонандагон ҷиҳати беҳтар кардани натиҷаи кор ё омӯхтани чизи нав онҳоро руҳбаланд мегардонад. Натиҷаҳои ояндаро пеши назари хонандагон меорад. Масалан: Хонандагони азиз, имрӯз мо роҳҳои муайян кардани радиуси давраро меомӯзем. Ин аллакай ба шумо барои дар синфи панҷум комёб (муваффақ) шудан ёрӣ мерасонад. Ё «Агар, ду ё се ҷумлаи дигарро ба иншо илова кунӣ ва манзараи табиатро каме зиёдтар шарҳ диҳӣ, дар оянда нависандаи хуб мешавӣ».
Муносибати мусбат дар ҷараёни дарси хониш Фаъолият Қадамҳои асосӣ
Синфи 2.
Мавзуъ: ҷумлаҳо бо тартиби зиёдшавии калимаҳо.
Натиҷаи таълим: сохтори ҷумлаи ба сатҳи синф мувофиқро шарҳ дода, аз рӯйи он ҷумла тартиб дода метавонанд.
Нишондиҳандаи таълим: ҷумлаҳоро бо тартиби зиёдшавии калимаҳо навишта метавонад.
Мақсад: хонандагон дар асоси расми сужетдор бо тартиби зиёдшавии калимаҳо ҷумла тартиб дода метавонанд).
Муайян кардани мақсади дарс ва фаъолияти асосии дарс Омӯзгор:
— Хонандагони азиз, мо имрӯз бо истифода аз расм ҷумлаҳо тартиб медиҳем.
Супориш чунин аст: Дар асоси намунаи ман, ки дар тахта навишта шудааст, шумо ҷумлаҳо тартиб диҳед.
Намуна: Лола омад. Лола саҳар омад. Лола саҳар аз деҳа омад. Лола саҳар аз деҳа ба шаҳр омад. Лола бо модараш аз деҳа ба шаҳр омад.

пешина
аз 142
навбатӣ