Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ТАЭКВАНДО

Бо як зарбаи Доро
Сино ғелид рӯболо,
Аз болои миз гулдон,
Парид рӯи дастархон.

Пас Доро бо чолокӣ,
Бо ҷаҳлу бо бебокӣ.
Гоҳ ба чапу гоҳ ба рост
Лагад зад ҳар ҷо, ки хост.

Хӯрд лагади обдор,
Шишаи телевизор.
Лӯла ғелид аз тахмон,
Ларзид дар ҷояш яхдон...

Нашносам ман, ин Дорост?
Набераи хуби мост?
Чаро имрӯз ҷанг ҷӯяд?
«Сино биё, ҷанг» гӯяд?

пешина
аз 80
навбатӣ