Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданЭРКАТУЛФОР
Нимаруз аз дарвоза
Дарояд Даврон,
Шимаш олудаи хок,
Бинӣ овезон.
Портфелро партояд
Ба рӯи долон,
Ҳар сӯ китобу қалам
Гардад парешон.
Гарданбанди ранголуд
Ба киса монад,
Тоқӣ гирифта аз сар,
Ба саг пӯшонад.
Борониро овезад
Ба шохаи нок,
Куртаи сафедашро
Ба навдаи ток.
Мӯзаи чиркини худ
Сӯе андозад,
Дигар накарда шимро,
Ба кӯча тозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё