Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ОРЗУИ СОЛИНАВӢ

Арчаи сабзу зебо
Истода рӯи хона,
Хурду калон ба давраш
Ба бозии даврона.

Арчаи моро бинед,
Чӣ хуш медиҳад ҷило.
Сар то ба пояш имшаб
Гӯӯ шудаст аз тило.

Рӯйи мизи идона
Меваю қанди бисёр
Меҳмонову мизбонон
Ҳама шоду бахтиёр.

Ғаме ба дил надорад,
Оҷаҷони меҳрубон.
Ҳатто ӯро сари дег
Мебинӣ ту ғазалхон.

Чӣ хуш, намекунад дард
Имшаб пойи бибиҷон.
Бибиҷони садсола
Мерақсад шоду хандон.

пешина
аз 80
навбатӣ