Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хондан

ХОН КИТОБ

Гӯш бидеҳ дугона,
Гӯям ба ту тарона.
Хоҳӣ, сад ғазал гӯям,
Саду як матал гӯям.
Қисса гӯям беҳисоб,
Ҳамаи ин аз китоб.
Китоб баҳо надорад,
Ғам аз дилҳо барорад.
Як китоби пурмаъно,
Беҳ аз як доман тило.
Китоб хонӣ, доноӣ,
Аз ҳама кас болой.
Дугона, ту ҳам биштоб,
Бекор нешин, хон китоб.

«ЁРӢ»

Муаллима бипурсид
Аз ҳамсинфи мо Қобил:
– Ку, бинамо ҳикоя
Чӣ кор кардӣ дар таътил?
– Ёрӣ додам ба очам,
Қораша кардам осон,
Ҷеғ назада, омадам
Ман ба сари дастархон.

пешина
аз 80
навбатӣ